Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Хатлон баҳри таъмини амнияти сайёҳон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст


Дар Хатлон баҳри таъмини амнияти сайёҳон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст




Дар вилояти Хатлон баҳри бехатарии сайёҳон шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ мондаанд. 
Тавре ки аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, ҷоннок намудани хазматрасонӣ ва ба сайёҳ дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихиву фарҳангии ҳудуди вилоят маводи тарғиботӣ таҳия ва дастраси мутахассисон гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки таъсиси сохтори хизматии ба талаботи замона мувофиқ – Раёсату шуъбаҳои экологӣ ва сайёҳӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ иқдоми саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ буда, ин ниҳод дар баробари таъмини амнияти экологӣ ва бехатарии муҳити зист ҳамзамон расонидани кумак ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ҳифзи манфиат, пешгирии ҷинояткорӣ нисбат ба онҳоро дар бар мегирад.

Ногуфта намонад, ки чунин сохтор (политсияи сайёҳӣ) дар бисёр мамлакатҳои пешрафтаи дунё фаъолият мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода