Мушовараи Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон доир гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 430
Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон
мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру навоҳии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ доир гардид. Дар кори мушовара муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода ва сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.
Нахуст, Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кори
мушовараро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки тибқи баҳодиҳии пешакӣ ва мувофиқи маълумотҳои
оморӣ, ҳаҷми нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба 6 моҳи соли 2022-юм 8,2% зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 1483 сомонию 69 дирам баробар гардид, ки ин
нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121 сомонию 70 дирам зиёд мебошад. Ҳамчунин, нақшаи андозҳо ва пардохтҳои давлатиро шаҳри
Левакант 2,2 ҳазор сомонӣ (7%), ноҳияи Ховалинг 2,4 миллион сомонӣ (13%), Данғара 1,4 миллион (1%) сомонӣ ва ноҳияи Ёвон 4,1 миллион (3%) сомонӣ таъмин карда натавонистанд.
Мавриди зикр аст, ки барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз
ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад 1101,9 миллион сомонӣ равона
гардидааст, ки 84,2%-и хароҷоти умумиро дар нимсолаи аввали соли 2023 дар бар мегирад.
Сипас, Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки новобаста ба натиҷаҳои мусбат дар самти
иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ, масъулини соҳаро лозим аст, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва
ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда саъю талоши бештар намоянд. Зеро танҳо бо василаи ислоҳи
камбудиҳо метавон дар самти ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаъҳои нави андоз,
истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ муваффақ гардид.
Ҳамчунин, дар ин раванд Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, оид ба риояи талаботҳои қонунгузорӣ, назорат аз рӯи хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар самтҳои фаъолияти молиячиён ибрози андеша намуд. Мавсуф қаёд намуд, ки ҷиҳати тадбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробарунии
ғайринақдӣ” кормандони соҳаи молия, андоз ва дигар сохторҳои марбутаро мебояд, ки ҳамкориро
дар самти фаҳмондадиҳӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда бояд вусъат бахшанд.
Дар охир, Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, иҷрои
вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаро муайяну мушаххас карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”
дар шаҳру навоҳӣ, сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ пайдо ва бақияпулиҳо ба маротиб кам карда шаванд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...