Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мо Ватанро беш аз ҳарвақта дорем дӯсттар


Мо Ватанро беш аз ҳарвақта дорем дӯсттар




Ҷаҳони муосир дар давраи ҳассосе қарор дорад, ки ташвиши одамонро зиёд сохтааст. Дар ҳар гӯшаи олам ба ҷурми тафриқаандозони ҳасуду ҳорис ҷангҳои дохилӣ-ҷангҳои бародаркушу таҳмилӣ рух дода истодаанд. Дар давлати ҳамсояи мо -Афғонистон қариб 50 сол боз алангаи ҷанг хомӯш намегардад. Ба ибораи «Инқилоби баҳорӣ» давлатҳои арабу Африқоро шӯронидаву ҷанг андохтанд ва ин вазъ то ҳанӯз давом дорад. 

Аз ин рӯ, мо-тоҷикистониёнро зарур аст, ки 
ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, воқеъбинона 
ба имрӯзу фардо нигоҳ дошта бошем. Оромӣ, 
осоиштагӣ, тинҷии Ватанро болотар аз ҳама 
манфиатҳои шахсӣ бигузорем. Кинаҳоро аз 
синаҳо дур сохта, ҳама чун як тану як ҷон дар 
фикри ҳифзи Ватан, дар андешаи ҳастии миллати хеш бошем. Ватани муқаддасу азиз, диёри 
зебоманзару биҳиштосоямонро, ки хокаш зар 
асту сангаш гуҳар, баробар дӯст дорем. Ҳушёр 
бошем, ки ба фиреби нохалафе, каси одам-
сурату иблистабиате наафтем. Тоҷикистонро 
ба минтақаҳо ҷудо накардаву чун як Ватани 
воҳид, зодгоҳи худ шуморем. Парвардигор ба 
мо-тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро рӯи кор овард, 
ба диёри мо сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ омад. 
Ватани мо аз нобудшавӣ эмин монд. Ҳаққо, ки 
Эмомалӣ Раҳмон аз бандагони дӯстдоштаи Худованди бузургамон аст.

Меваи ин талошҳо маҳз сулҳу ваҳдат, 
якдигарфаҳмии бародаронаи тоҷикон, ободӣ, як-
порчагии кишвари азизамон мебошад. Меваи ин 
муҳаббати пок ба ҷаҳониён шиносонидани мил-
лати мо ва меҳани мо аст. 

Дар фаъолияти пурсамар ва хирадмандонаи 
Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бе-
шак, ҳикмати “пиндори нек, кирдори нек ва гуф-
тори нек” ба хубӣ чун дар оина аён аст. Алфози 
ӯ аз садоқат, аз муҳаббат моломол буда, боре 
мушоҳида накардаем, ки ғалате ё хилофе дар 
кору гуфторашон бошад. Ҳама гуфтору кирдори 
ӯ боиси ободии Ватану оромии мардумаш аст. 
Кӯлоби бостонӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ 
симояшро тағйир дод, зебо шуд, пеш рафт, 
шуҳратёр гардид. Роҳи паҳнбари қатора, 
фурудгоҳи байналмилалӣ моро ба ҷаҳон пайваст. 
Варзишгоҳи марказӣ, Амфитеатр аз беҳтарин 
дастовардҳои замони истиқлоли ватан аст.
Ҳавзи шиноварии болопӯши замонавӣ, то-
лори гӯштин аз арзишмандтарин иншоотҳои 
варзишӣ ва истироҳатӣ-фароғатие ҳастанд, 
ки бо фотиҳаи Президенти кишвар муҳтарам 
Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуданд. 
Боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо-
тоҷикистониён аст, ки маҳз тоҷикон бо роҳбарии 
Сарвари хирадманду дақиқназари хеш Эмомалӣ 
Раҳмон “Роҳи абрешим”-ро аз нав эҳё карданд. 
Девдараи қайсару нофармонро мусаххару тобеъ 
намуданд. Тавассути ин шоҳроҳ-шоҳроҳи Кӯлобу 
Бадахшон, Шарқро бо Ғарб васл намуданд.
Барои дидани ҳамаи ин музаффариятҳо, 
тараққиёти босуръату бемайлони Тоҷикистон 
дили аз кинаву хусумат холиву назари некхоҳу 
покбин зарур аст. 

Ватанро дӯст доштан, накукор будан, ба қавли бузургон, тарбияташ аз батни модар оғоз 
ёфта, аз соати аввали ба ин олам омадан ҷараён 
мегирад. Давлатдорӣ ҳам кори саҳлу осон нест. 
Заҳматҳои зиёде дорад. Ҳар кас наметавонад 
роҳбар бошад, аз ҷумла роҳбари аввали дав-
лат. Барои роҳбар будан хоҳиш кам аст, маҳорат, 
масъулият, ҷуръат, ҷасорат, ақлу хирад, саводу 
боз бисёр сифатҳои наку лозим аст. Мо ба ива-
зи ҷонбозиҳо, ҷоннисориҳо сулҳу ваҳдат ба даст 
овардем ва ин рӯзро Рӯзи Ваҳдати миллӣ ном 
гузоштем, ки он аз саидтарин, муҳимтарин, азиз-
тарин идҳо аст. 

Мо вазифадорем, ки ин иди муборак, рӯзи фархунда, рӯзи аз нав ба як мушт мубаддал гаштани миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт бисозем, барои 
пойдориаш ҷоннисор бошем. Як амали нахайру номатлуб, аз доираи ақлу инсоф, ватанхоҳӣ, эҳтиром ба гузаштагону имрӯзиёни миллат чанд сол пеш дар шаҳри Кӯлоб амалӣ шуд, ки ба камари тарбияи ватандӯстӣ зарбаи сахт зад. Пайкара ва нимпайкараҳои фарзандони содиқи Ватан, ки дар ҳар гӯшаи шаҳри Кӯлоб қомат афрохта буданд, аз дохили шаҳр ба берун, ба болои теппаи касногузар кӯчонида шуданд. 

Ёд дорам, солҳои пеш дар пояи ин муҷассамаҳо 
хонандагонро ба ташкилотҳои мактабӣ қабул ме-
карданд, дар иду маросим хонандагон дар пояи 
онҳо қаровули фахрӣ истода, гулчанбарҳо мегузош-
танд. Дигар омиле, ки ба тарбия лакнат ворид ме-
кунад, ин аз тарафи ҷомеа ва роҳбарият қадрдонӣ 
нашудани хизмати фарзандоне, ки дар роҳи ҳифзи 
Ватан-Модар ҷоннисорӣ кардаанд, қаҳрамониҳо 
нишон додаанд, мебошад. Чунин муносибат абатта, ба ҳиссиёти ватандӯстӣ, ватанпарастӣ,  хештаншиносӣ зарба мезанад. Тарбияи фарзанд 
аз ҷониби волидайн ва ҷомеа дуруст ба роҳ монда шавад, сафи Рустамҳо, Восеъҳо, Спитаменҳо, 
Муқаннаъҳо, Темурмаликҳо, Амиршоевҳо, 
Турдиевҳо… ба маротиб зиёд мегардад. Онҳо дар 
миёни фарзандони миллат хеле зиёданд. Ҳифзи 
ин Ватан, ин марзу бум вазифаи имонӣ, ҷонӣ ва 
хунии ҳар як соҳибватан аст. Ин мероси арзандаи 
гузаштагонро чун гавҳараки чашм ҳифз бинамоем, 
дар ободияш ҳиссагузор бошем, он гоҳ ватандору 
соҳибимон ҳастем. 

Абдуллоҳ БОБОЗОДА,
шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода