«Тоҷикистон – ватани азизи ман» Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо қадрдонии ғолибони даври дуюми озмун мавқуф гузошта шудааст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 434
Баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар самти дарёфти чеҳраҳои нави санъат, муаррифии
истеъдодҳои соҳаи фарҳанг ва мусоидат ба
рушди санъати тоҷик таъсири мусбат расонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили озмуни номбурда ва таъин кардани Шоҳҷоизаву мукофотпулӣ ҳазорон нафар дилбохтагони соҳаи санъат, ҳунармандону алоқамандони мусиқӣ, овозхонӣ, санъати тасвириро ҳавасманд намуд. Ҳамасола шумораи хоҳишмандоне, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунанд, бештар мегардад. Тибқи
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, №АП-329, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар даврҳои якум, дуюм ва сеюм бояд мувофиқи матлаб қадрдонӣ карда шаванд.
Ғолибони даври якуми озмун дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо мавриди қадрдонӣ қарор дода мешаванд. Тибқи мушоҳида, солҳои қаблӣ аксари ғолибони даври якум пас аз даврҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуда буданд. Дар матлаби гузашта озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” таҳлилу муқоиса
гардида буд ва ин навбат бо истифода аз қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва суҳбат бо масъулин дар хусуси озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” матлаб омода гардидааст, ки пешкаши хонандаи азиз мешавад.
Масалан, қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 30-юми марти соли 2023 оид ба баргузор ва қадрдонӣ намудани ғолибони озмуни номбурда ба тасвиб расидааст. Дар қарори мазкур ҳайати ҳакамон ва маблағгузорӣ барои баргузорию қадрдонии ғолибони озмун дақиқан дарҷ карда шудааст. Барои баргузории озмун ва қадрдонии ғолибон 39 ҳазору сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар даври якуми озмун довталабон нисбат ба соли гузашта бештар ширкат намуда, маҳорати худро санҷида, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Қарори раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз 6 майи соли равон ба тасвиб расида, маблағ барои гузаронидани озмун ва мукофотонидани ғолибони даври ноҳиявӣ муайян карда шудааст. Барои таъмин намудани маблағ ҷиҳати саривақт гузаронидан ва қадрдонӣ кардани ғолибони озмун раёсати молияи ноҳия вобаста гардидааст. Маблағи ҷудогардида 30 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мутахасисони соҳаи фарҳанги ноҳия муайян гардида, ба беҳтариндовталабон роҳхат доданд.
Ба ҳамин монанд, дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ низ қарор оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” қабул гардида, масъулин барои дар сатҳи лозима гузаронидан ва қадрдонӣ кардани ғолибон муваззаф карда шудаанд. Маблағро раёсати молияи ноҳия барои харҷ дар гузаронидани озмун таъмин мекунад. 48 ҳазору 500 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Озмун мувофиқи матлаб гузаронида шуда, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. Ёдовар мешавем, ки соле қабл яке аз ҳунармандони ҷавону боистеъдодҳои ноҳияи мазкур дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ғолиб омада, бо мукофот қадрдонӣ гардид. Маҳорати мавсуф дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи ҳунармандони маъруфу касбии кишвар баҳои баландтаринро соҳиб гашта, қадрдонӣ карда шуд.
Барои гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” раёсати молияи
ноҳияи Данғара аз ҳисоби бақияи маблағҳои озо-
ди буҷети ноҳия барои таъмини 177 ҳазору 250
сомонӣ тибқи қарори раиси ноҳия аз 23-юми майи
соли 2023 вазифадор карда шудааст. Таҳлилҳо ни-
шон медиҳанд, ки Данғара миёни шаҳру ноҳияҳои
вилояти Хатлон барои гузаронидан ва қадрдонӣ
намудани ғолибони даври ноҳиявии озмун маблағи
зиёдтарро ҷудо кардааст.
Суҳбат бо масъулони сатҳи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дақиқ намуд, ки дар моҳи май даври шаҳрию ноҳиявии озмун баргузор карда шуд ва нимаи дуюм-аввали моҳи август даври вилоятии
он бояд доир гардад. Вале ба ҳолати 17 –уми
июли соли равон, ба истиснои ноҳияҳои Қубодиён
(ҷамъи мукофотпулӣ 6900 сомонӣ), Панҷ (ҷамъи
мукофотпулӣ 13500 сомонӣ), ва Н. Хусрав (ҷамъи
мукофотпулӣ 3300 сомонӣ), ғолибони даври
шаҳрию ноҳиявӣ қадрдонӣ карда нашудаанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки ҷудо намудани маблағи бештар барои қадрдонӣ ва саривақт
гузаронидани маросими қадрдонии ғолибон довта-
лабонро дилгарм намуда, ба офаридани асарҳои
ҷолибу босифати ҳунарӣ ҳавасманд месозад.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...