Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 26 июл нишастҳои матбуотӣ дар вилоят оғоз мегарданд


26 июл нишастҳои матбуотӣ дар вилоят оғоз мегарданд




Шурӯъ аз 26 июл дар вазорату идораҳо, ташкило-

ту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 нишастҳои матбуотӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси он нишастҳои матбуотӣ 26 июл оғоз мегарданд ва то 15 август идома меёбанд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишастҳои матбуотӣ имкон доранд оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти бештар гиранд.

Масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятие, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар фаъолият доранд, нишасти матбуотиро дар толори маркази иттилоотии
ошёнаи сеюми Кохи фарҳанги шаҳр доир мекунанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода