Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо намояндагони доираҳои сармоягузори Эрон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 283
18-уми июли соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ анҷом дод.
Раиси вилоят ташрифи меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон дар таърихи соҳистиқлолии кишвар буда, ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои муҳимми Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд. Сафарҳои расмии сарварон ва дигар мақомоти баландпояи ду кишвар аз соли 1992 то кунун, гувоҳи эҳтимоми ҷиддии тарафайн барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф мебошад.
Дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Раис вилоят Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои вилояти Хатлон гуфт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад. Ҳамасола молу маҳсулоти тоза, аз ҷумла пахта, меваҷот, полезӣ, ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар вилоят оби дарёҳо фаровон буда, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо зиёданд.
- Як қисми маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом содирот карда мешавад, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Ҳамасола дар Хатлон қариб то сесад ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад. Нахи пахтае, ки истеҳсол мегардад, баланд мебошад. Инчунин, беш аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад, ки ба коркард ниёз дорад.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилояти Хатлон шомил мешавад. 18,5 дарсади сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти вилояти Хатлон мансуб ба Эрон мебошад.
Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи ҳолдинги “Алмос-Неру”-и Эрон, зикр намуд, ки мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо роҳбарияти вилояти Хатлон пешниҳоди ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф мебошад.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал ҳамкориҳо ва равобити иқтисодию бозаргонии ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабон беш аз пеш тақвият хоҳанд ёфт.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...