Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 19 медал аз олимпиадаҳои байналмилалӣ


19 медал аз олимпиадаҳои байналмилалӣ



Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Кӯшониён 780 нафар иштирок карда, 55 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд.

Инчунин, соли равон дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 166 медал ва дар даври ҷумҳуриявӣ 51 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд, ки ин ҳам дастоварди соҳаи маориф
маҳсуб мегардад. Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 19 нафар толибилмони таълимгоҳҳои Кӯшониён соҳиби медал гардиданд.

- Дар озмуни ҷумҳуриявии “квотаи президентӣ” аз ноҳия 103 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 22 нафар дар даври ниҳоӣ ғолибият ба
даст оварда, соҳиби номи донишҷӯ шуданд, - зикр кард сарчашмаи хабар. 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода