Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ф. Шарифӣ: “ҲХДТ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад”


Ф. Шарифӣ: “ҲХДТ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад”




Нимаи дуюми рӯзи 11 июл дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид. 

 Дар маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ - раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Бохтар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 

Дар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он барои нимаи дуюми соли 2023, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардид. 

Ба иттилои Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, дар нимсолаи якуми соли 2023 шумораи аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон ба 186 ҳазору 412 нафар расидааст, ки аз ин 93 ҳазору 960 нафар ё худ 50,4 дарсадро бонувон ва 60 ҳазору 149 нафар баробари 32,3%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 7 ҳазору 886 нафар ба сафи ҲХДТ қабул карда шудааст. 

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки самти асосии кори ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад ва рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода мегардад, ки то кадом андоза мардумро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукуфоӣ раҳнамо месозад. Мавсуф ҳамчунин таъкид дошт, ки вакилони ҳизбӣ бояд дар иҷрои амри Президенти мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ҳамкории зич дошта бошанд. 

Дар маҷлис ҳамчунин муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ қайд кард, ки “мо - ҳизбиён зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум пайваста идеяҳои наву созандаро рӯи кор оварда, дар амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида истодаем. Хайринисо Юсуфӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро мусбат арзёбӣ карда, барои боз ҳам тақвият ёфтани фаъолияти ҳизбиён якчанд тавсияи судмандро ироа намуд. 
 
Дар фарҷом барои фаъолияти пурсамар чанде аз фаъолони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Хатлон бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. 
 Ҳамчунин тибқи ҷамъбасти рейтинги ҳизбӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун сазовори ҷойи сеюм, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ҷойи дуюм ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷойи якум гардида, “Ҷоми сайёри ҲХДТ” ба тими Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳри Бохтар тақдим карда шуд.   

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода