Давлаталӣ Саид: "Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13,7 миллиард сомонӣ расид"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 481
Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2023 ҷараён дорад.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят иштирок доранд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки аксари нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи якум мусбат ҷамъбаст гардиданд. Дар нимаи якуми соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2022-юм 8,2% ё 1 миллиарду 137,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6%-ро ташкил медиҳад.
Сипас, гузориши муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят шунида шуд.
Гуфта шуд, ки нақшаи андозҳо, дар умум, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ 102,7% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 127,0 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла, нақшаи андоз 102,7% таъмин гардида, ба буҷети вилоят 944,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 25,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3% таъмин шуда, ба буҷет 182,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 101% таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 365,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 306,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 1155,4 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,4%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла:
маориф – 785,2 миллион сомонӣ;
тандурустӣ – 321,0 миллион сомонӣ;
ҳифзи иҷтимоӣ – 10,0 миллион сомонӣ;
фарҳанг – 39,1 миллион сомонӣ.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025, татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар доираи тадбирҳои андешидашуда 131 лоиҳа ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ё 42,1% иҷро гардида, дар 95 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021–2025 низ бомаром ҷараён доранд.
Дар идома З. Файзуллозода иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли 2023 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1 миллиарду 855,8 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 528,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 4 июли соли 2023 танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 7430 тоннаро ташкил медиҳад (пиёзи барвақтӣ 1956,8 тонна, полезӣ 718 тонна, ангур 1555 тонна, лимӯ 18 тонна ва дигар маҳсулот 3182,2 тонна). Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Қазоқистон 3601 тонна, Покистон 1555 тонна, Афғонистон 76 тонна, Россия 2063 тонна, Туркия 36 тонна ва Белорусия 98 тонна содирот карда шуд. Ҳамчунин, содирот тавассути гумруки вилояти Суғд 56311,2 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1086,6 тоннаро дар бар мегирад.
Дар ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар вилоят 23965 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1483,69 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 13,7% зиёд гардидааст.
Шумораи нафақахӯрон дар вилоят 278454 нафар буда, талаботи нафақапулӣ, ки 543 миллион сомониро ташкил мекунад, ба пуррагӣ пардохт карда шудааст.
Гардиши мол дар 6 моҳи соли 2023 ба 6 миллиарду 250,4 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,9% ё ин ки 904,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 6 моҳи соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ ба 226,4 миллион доллари ИМА расид.
Бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Зимнан, бо амри раиси вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва минтақавӣ таъсис дода шуда, вазъи ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, истифодаи заминҳо, рафти кишти такрорӣ, захираи маводҳои ғизоӣ ва ғайра дар шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафа қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо олимони соҳа ва андешидани тадбирҳои самарабахш ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 953 миллиону 703,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675 миллиону 159,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 44% ва дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 56% мебошад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ ба ҳолати 1 июли соли 2023–юм 520859 тонна ғалладона, 165761,7 тонна картошка, 884506 тонна сабзавот, 281609 тонна полезӣ, 75301 тонна мевагиҳо, 2322 тонна ангур, 284448 тонна хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока ва 27908 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардид.
Тибқи иттилои муовини раиси вилоят З. Файзуллозода, имсол наздик ба 7000 гектар пахта бо истифода аз технологияи муосир, яъне зери плёнка кишт гардидааст, ки ҷиҳати баланд гардидани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд. Айни ҳол риояи агротехникаи парвариши пахта зери назорати мутахассисони соҳа қарор дошта, инкишофи пахта дар ҳолати хуб буда, 60% он дар арафаи куракбандӣ мебошад.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва гирифтани се–чор ҳосил, мувофиқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 18494 тонна сабзавот, аз ҷумла 853,1 тонна помидор, 371,7 тонна бодиринг, 621,5 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол ва дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуданд.
Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Ба ин хоҷагиҳо масоҳати умумии 2346,4 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон аз ин ҳисоб 930,6 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 154,7 тонна зиёд мебошад.