Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати дунё сармоя ворид шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 381
Ҳоло дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 863 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидаанд.
Дар ин бора Исфандиёр Усмонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, дар ҷаласаи таҳлилию натиҷагирии соҳаи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023, ки имрӯз, 7 июл, баргузор гардид, иттилоъ дод.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолият ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи самарабахши моликияти давлатӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар нимаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимаи дуюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида шуда, дар нимсола 41,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад, - идома дод И. Усмонзода.
Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия 40,6 фоиз, Чин 35,6 фоиз ва Эрон 18,5 фоиз рост меояд.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли равон ба ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик, М.С.А. Ҳамадонӣ, Фархор, Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомӣ умуман сармояи хориҷӣ ҷалб нагардидааст.
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ гуфта шуд, ки дар ин давра сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар 5 форуму намоиши тиҷоратӣ ширкат варзида, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 41 шартномаю ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расониданд.
Бояд гуфт, ки ҳарчи бештар пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки соҳибкорон сармояи худро барои бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ равона намуда истодаанд.
Дар қисмати дигари ҷаласа суолу ҷавоб сурат гирифта, ҳисоботи мудирони шуъбаву бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо шунида шуд. Баҳри мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва расидан ба натиҷаҳои назарраси соҳа масъулин вазифадор карда шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...