Умед барои фардо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 332
Ташаббусу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ашхосе, ки бо ҳукми тақдир имконияти ҷисмониашон маҳдуд гаштааст, беназир аст. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳамасола 8 июл дар кишвар Рӯзи маъюбон ва пиронсолон қайд карда мешавад.
Ҷамъиятимаъюбон ва пиронсолони шаҳри Бохтар барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ашхоси имконияташон маҳдуд фаъолият намуда, аз
тарзи зиндагӣ, шароит, имконот ва мушкилоти ин
гуна шахсон бохабар аст. Абдусамад Бобоҷонов,
роҳбари Ҷамъияти маъюбон ва пиронсолон дар
шаҳри Бохтар барои сарҷамъ намудани ашхоси
маъюби шаҳр ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон
ба онҳо кумак расондану ҳамдард шудан,
ҷамъияти маъюбонро фаъол мегардонад. Бо
ҳамин мақсад, ба идораҳои дахлдор рафта, арзи
матлаб менамояд. Ҳамон шабу рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо иқдоми
нек баромад карда, «намегузорам, ки ашхоси
маъюб ва пиронсолон худро яккаю танҳо ҳис кунанд» гуфта буд. Ин гуфтаҳо ба раванди фаъолшавии ҷамъиятҳои хайрхоҳу кумакрасон такон
бахшид. Ҳамин буд, ки роҳбарони вақт иқдоми
Абдусамад Бобоҷоновро хуш қабул карда,
роҳбарии Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бохтарро
ба дӯши ӯ вогузоштанд.
…Имрӯзҳо Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бох-
тар, бо сарварии инсонни дидадарою фарҳангӣ
Абдусамад Бобоҷонов фаъол аст. Ӯ ба маъюбон кумак расондану ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро қарзи инсонии худ дониста, мекӯшад, то нафарони маъюб танҳоиву дарди худро эҳсос накунанд.
Дар арафаи Рӯзи маъюбон ва пиронсолон мо
тасмим гирифтем, ки аз ҳолати яке шахсони имконияташ маҳдуд, ки ду сол қабл бар асари таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ зарари ҷисмонӣ
дида буд, хабардор шавем. Маҳмадалӣ Боронов
соли 2021 ҳангоми фаъолият дар нуқтаи фурӯши
сӯзишворӣ, воқеъ дар ҷойи зисташ – ноҳияи
Ҷалолиддини Балхӣ ҳангоми таркиши газ зарари
калони ҷисмонӣ дида буд. Тибқи маълумоти наз-
дикон ҳеҷ кас ба зинда мондани ӯ умед надошт.
Раҷабалӣ Боронов, падари ӯ, зимни суҳбат ба мо чунин изҳор дошт: “Ду сол мешавад, ки писарам маъюби бистарӣ аст ва наметавонад бе кӯмаки шахси дигар роҳ гардад. Табибон ба мо умед доданд, ки писарамон ба по мехезад ва боз ба ҳолати аввала бармегардад. Пештар вазъияташ бениҳоят бад буд. Шукрона, ки имрӯз андаке беҳтар шудааст ва бо кумаки мо то саҳни ҳавлӣ баромада метавонад”.
Маҳмадалӣ пеш аз ба ин ҳолат дучор шудан,
ба ихтироъкорӣ машғул буд. Чуноне ки шоҳид
шудем, ӯ мототсикл сохтааст. Ҳамчунин, дар
ҳунари устогӣ низ маҳорати баланд дорад.
Калонбӣ Қурбонова, модари Маҳмадалӣ,
иброз медорад: “Писарам дар ҷойи хобаш низ
ба сохтану таъмири ҳар гуна асбобҳои рӯзгор
машғул мешавад. Аз чӯбчаҳои яхмос барои парандагон хонача сохтааст, ки хело зебо мебошад. Умед дорем, ки ӯ шифои комил меёбад ва
дубора ба ҳолати аввала бармегардад”.
Дар ҷомеа чунин ашхос зиёд ҳастанд, ки бо
вуҷуди имконияти маҳдуд доштан, худро шахси бомасъулияту узви комили ҷомеа дониста, барои зиндагии шоиста талош мекунанд.
Ҷ. ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...