ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 3128 ОМӮЗГОРИ ҶАВОН АЗ ИМТИЁЗҲО БАҲРАВАР ГАШТААНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 384
Аз соли 2007 то инҷониб дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон" 2212 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ ва 187 нафар соҳиби замини полезӣ гардида, ба 729 нафар қарзҳои боимтиёз дода шудааст. Дар умум 3128 нафар аз имтиёзҳо баҳравар гаштаанд.
Ин нуқта дар ҷаласаи натиҷагирии соҳаи маорифи вилояти Хатлон қайд гардид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилоят, нимаи якуми соли равон дар асоси қарори мазкур ба 60 нафар омӯзгори ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Инчунин, ба 64 нафар қарзҳои боимтиёз додаанд, ки омӯзгорони ҷавон дар самти пешбурди зиндагӣ аз онҳо истифода намудаанд. Яъне, дар умум нимаи якуми соли ҷорӣ 124 нафар омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳо бархӯрдор шуданд.
- Вобаста ба ҳавасманд намудани омӯзгорони ҷавон Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро дар сатҳи лозима ба роҳ мондааст, - зикр намуд манбаъ. - Ин аст, ки ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон нисбати солҳои пешин беҳтару бештар шудааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...