Шиносоии раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Кӯшониён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 354
Нимаи дуюми рӯзи 4 июл раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва раванди умури созандагиву ободкорӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.
Нахуст, раиси вилоят аз бинои сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот, воқеъ дар шуъбаи якуми Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” боздид намуд. Бинои сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот бо иқтидори 500 тонна пешбинӣ шудааст. Мақсад аз бунёди сардхона дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад, ки ин раванд ба танзими нарху наво дар бозори истеъмолӣ низ мусоидати фаъол мекунад.
Ҳамзамон дар ин мавзеъ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Валиев ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар корхонаи саноатӣ ҷараён доранд. Соҳибкор ният дорад, ки сардхонаи иловагӣ ба иқтидори нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавотро бунёд намояд. Дар ин корхона айни ҳол 7 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ин иқдоми соҳибкорро намунавӣ хонда, бобати бештар кардани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба масъулон тавсияҳо дод. Зеро ноҳияи Кӯшониён ноҳияи бузурги аграрӣ буда, дар таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот саҳми назаррас дорад.
Дар ҳамин ҷамоат раиси вилоят аз рафти корҳои таҷдиду азнавсозии маркази саломатии маҳаллаи “Файзи Истиқлол” дидан намуд. Боиси қайд аст, ки маркази саломатӣ пас аз навсозӣ ба 8568 нафар аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ мерасонад. Маълумот дода шуд, ки шумораи кормандони мазкар 13 нафар, аз ҷумла 3 нафар духтурон, 9 корманди миёнаи тиббӣ, 1 корманди хурди техникӣ мебошад.
Бинои мазкур аз 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, азнавсозии он бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории “Лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ” соли 2022 оғоз гардид. Моҳи апрели соли 2023 бино аз таъмир бароварда шуда, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ, ҷевонҳо, яхдон, таҷҳизот барои муътадил гардонидани ҳарорати ҳаво (кондисионер), таҷҳизот барои таъмин намудани қувваи барқ (генератор) таъмин карда шудааст. Маблағи лоиҳавии он 490 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат ба мутахассисони Маркази саломатии маҳаллаи “Файзи Истиқлол” ва ҳам масъулони соҳаи тандурустии ноҳия дастур дод, ки дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намоянд. Аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобати беморон истифода бурда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Дар идомаи сафар раиси вилоят бо ҷараёни корҳои азнавсозии бинои муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №4, воқеъ дар деҳаи Темурмалики Ҷамоати деҳоти “Бохтариён” шинос шуд. Муассиса барои тарбияи 70 нафар кӯдакон пешбинӣ шуда, бо дастгирии шарикони рушд бозсозӣ мегардад.
Маблағи лоиҳавии он 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муассиса 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, кӯдакони маҳаллиро ба машғулият ва тарбия фаро гирифтаанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид тадриҷан аз беҳтаршавии имкониятҳо барои таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ёдовар шуда, таваҷҷуҳи кормандони кӯдакистони мазкурро ба масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози давлат ҷалб кард.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинонида, майдони кӯдакистонро барои сохтмонҳои минбаъда ҳифз намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00