Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР КӮШОНИЁН ШИНОС ГАРДИД


ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР КӮШОНИЁН ШИНОС ГАРДИД




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кориаш ба ноҳияи Кӯшониён аз рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин”-и Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” дидан намуд. 

Бояд гуфт, ки хоҷагии мазкур дар майдони 74 гектар пахта кишт намудааст. Дар баробари ин, дар майдони 18,2 гектар кишти такрорӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 17,2  гектар иҷро намудааст.
Дар ҳамин ҷамоат раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдусолеҳ” низ шинос гардид. Хоҷагидор дар майдони 1 гектару 90 садяк замин гармхона бунёд намуда, аз ин гармхона имсол ҳосили фаровони сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла бодиринг рӯёнидааст. Айни замон дар ҷойи бодиринг кишти помидор гузаронида шудааст, ки аллакай тухми помидор аз замин рӯйида ду-себарга шудааст. Раиси вилоят ба заҳмати хоҷагидорон, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузор ҳастанд, таҳсину офарин хонд.

Дар Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин бо ҷараёни корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии “Водии Заррин” ва “Навкор” шинос гардид. Хоҷагии “Водии Заррин” дар майдони 119 гектар ва “Навкор” дар масоҳати 136 гектар пахта кишт кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён имсол дар майдони 10820 гектаркишти пахта гузаронида шудааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо кишоварон ва масъулони соҳа қайд намуд, ки соҳаи  пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ ба шумор меравад. Тавассути коркарди он дар Тоҷикистон аз пахта зиёда аз 300 намуди маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол карда мешавад. 
“Аз ин рӯ, бо дарназардошти ашёи муҳим барои саноати сабук будан ва тибқи талаботи бозор масъулин бояд ба афзоиши майдони кишти пахта ва таъмини ҳосилнокии баланди “тилои сафед” бояд диққати аввалиндараҷа диҳанд”, - таъкид намуд Давлаталӣ Саид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода