Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН



Нимаи дуюми имрӯз, 5 июл, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати кории назди раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир гардид.

Дар ин ҷаласа, ки омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи меҳварии он буд, муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, комиссари ҳарбии вилоят ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Сараввал раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш бо ёдоварӣ аз даъвати баҳории имсола аз баъзе камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки корҳои тарғиботию оммафаҳмонӣ дар даъвати тирамоҳии имсола дуруст ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон раиси вилоят иброз намуд, ки нақшаи чорабиниҳои муассир таҳия намуда, ҷиҳати саривақт иҷро намудани даъвати тирамоҳии ҷавонон раисони шаҳру ноҳияҳо, раёстҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф, кор бо занон ва оила, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохтору мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа тарғибу ташвиқ намуда, тариқи васоити ахбори омма инъикос намоянд.

Ҳамзамон аз вазъ ва шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, фаъолияти хизматчиёни низомӣ, ки имрӯз марзу буми Ватанро далерона ва содиқона дифоъ карда истодаанд, барномаву маводҳо омода намуда, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизион ва матбуоти даврӣ пахшу нашр намоянд.

Баъди баррасии масъалаи меҳварии ҷаласа раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати барномаҳо ва супоришҳои қаблии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастурҳо дод.

Супоришҳои дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ дода шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода