Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳавои олудаву пур аз чангу хок чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад


Ҳавои олудаву пур аз чангу хок чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад



Агентии ҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки аз 30-уми июн то 2-юми июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад кард.

Рӯзҳои  3-4  июли  соли  равон дар  қаламрави  вилояти  Хатлон  ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ боди шадид дар  назар  дошта  шудааст.  Бино  ба гуфтаи  манбаъ,  дар  ин  рӯзҳо  дар минтақаҳои ёдшуда шамол бо суръати  13-18  метр  дар  як  сония  хоҳад вазид.

Аз  29-уми  июн  то  5  июли  соли 2023 дар қаламрави вилояти Хатлон ва  ноҳияҳои  тобеи  марказ  бар  асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст.

Дар  ҳамин  иртибот,  Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро сари  вақт  тоза  кунанд,  то  агар  сел ҳам  омад,  ба  маҷрои  худ  равад  ва ба  хонаву  таҳхонаву  киштзорҳо  во-рид нашавад.

Дар  ҳамин  ҳол,  Агентии обуҳавошиносӣ  иттилоъ  медиҳад, ки дар нимаи аввали моҳи июл дар вилояти  Хатлон  ҳарорати  миёнаи моҳонаи  ҳаво  аз  меъёри  иқлимӣ 1-2  дараҷа  баланд  пешгӯӣ  шуда, дар  нимаи  дуюми  моҳ  баландшавии  ҳарорати  ҳаво  дар  назар  буда, дар водиҳо шабона 24-29 ва рӯзона 39-43  дараҷа  гарм  мешавад.  Дар ноҳияҳои  ҷанубӣ  то  44-46  дараҷа гармӣ дар назар аст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода