Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » То соли 2026 дар Ховалинг беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад


То соли 2026 дар Ховалинг беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад



Ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни бузурги  миллӣ  –  35-солагии  Истиқлоли  давлатӣ  дар  ноҳияи Ховалинг сохтмони 202 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст.

Аз  ин  шумора  то  ба  имрӯз  20  иншоот,  аз  ҷумла  як  қатор  иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату коммуникатсия сохта, ба истифода супорида шудааст.

Қобили зикр аст, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Ховалинг бо ҳисси баланди миллӣ ва ташаббусҳои ватандӯстона ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои назаррасро ба сомон расо-нида,  бо  ҷалби  сармояи  дохиливу  хориҷӣ  ва  имкониятҳои  соҳибкорони саховатпеша  342  иншооти  таъиноти  иҷтимоиву  иқтисодӣ,  аз  қабили муассисаҳои тандурустиву маориф, фарҳангу фароғат, варзиш ва коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолӣ  сохта,  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  доданд,  ки нисбат ба нақша 12 иншоот зиёд мебошад.

Дар  даврони  соҳибистиқлолӣ  барои  рушди  иҷтимоиву  иқтисодии ноҳияи Ховалинг аз буҷети давлат беш аз 460 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода