Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар вилояти Хатлон


Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар вилояти Хатлон



Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  вилояти  Хатлон  бахшида  ба  Рӯзи Ваҳдати  миллӣ  чорабинии  сиёсӣ-фарҳангӣ  таҳти  унвони  «Ваҳдати  миллӣ-падидаи  нодиру  пурарзиши  миллати тоҷик» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон, Фирӯза  Шарифӣ,  муовини  раиси  вилояти Хатлон,  Саидзода  Ҷамшед,  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Файзулло Баротзода,  раиси  шаҳри  Бохтар  ва  раисони кумитаҳои  иҷроияи  ҳизб  дар  шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Чорабиниро  Ҷамшед  Саидзода,  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  бо сухани  муқаддимавӣ  оғоз  намуда,  меҳмонону ҳозиринро  ба  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  таҳният гуфт.  Мавсуф  иброз  дошт,  ки  Ваҳдати  миллӣ аз  санаҳои  муҳими  тақдирсозест,  ки  дар саҳифаҳои  таърихи  давлатдории  тоҷикон  бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуда, санаи ба имзо расидани  Созишномаи  истиқрори  сулҳ  ва  ризоияти миллӣ, ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун  падидаи   нодиру  пурарзиши  таърихӣ, даврони  саодатофарину  пурнишоти  эҳёи  дубораи  миллат  ва  оғози  созандагиҳои  бузург арзёбӣ мегардад.

Сипас,  Хайринисо  Юсуфӣ,  муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба минбар  баромада,  иштирокчиёни  чорабиниро  ба ҷашни  пурифтихори  миллат,  Ваҳдати  миллӣ шодбош гуфт. Мавсуф таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Раиси  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  даст  омадааст.  Роҳбари давлат аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида,  ҳазорҳо  нафар  гурезаро  ба  Ватан баргардониданд. Имрӯз хизматҳои шоистаи ин фарзанди  фарзонаи  миллат  дар  ҷаҳон  назир надорад. «Мо-ҳизбиёнро зарур аст, ки зери сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди ин сарзамин ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум беш аз пеш заҳмату талош намоем», афзуд Х. Юсуфӣ.

Ҳамин  тариқ,  риштаи  суханро  Фирӯза Шарифӣ,  муовини  раиси  вилояти  Хатлон  гирифта, изҳор дошт, ки барои мо мардуми тоҷик боиси  хушбахтию  сарфарозист,  ки  дар  фазои сулҳу ваҳдат умр ба сар бурда истодаем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи беназири сиёсию ҷамъиятӣ дар низоми рушди муносибатҳои миллӣ  нақши  калидӣ  дошта,  на  танҳо  асоси пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, балки асоси мавҷудияти миллати тоҷик ҳамчун мардуми соҳибдавлат ба ҳисоб меравад.

Дар  охири  чорабинии  сиёсӣ-фарҳангӣ санъаткорони  варзидаи  кишвар  бо  суруду рақсҳои тараннумгари Ватан ва Ваҳдат хотири ҳозиринро болида гардониданд.

«ХАТлОН»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода