Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нишонзода Даврон: БА БЕШ АЗ 20 ОМӮЗГОРИ ҶАВОН ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ МЕДИҲЕМ!


Нишонзода Даврон: БА БЕШ АЗ 20 ОМӮЗГОРИ ҶАВОН ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ МЕДИҲЕМ!



Имрӯз, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон бо омӯзгорони ҷавоне,ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд, мулоқот намуда, аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорони ҷавон, амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат дар сатҳи маҳал ва имтиёзу ҳавасмандгардониҳо ёдовар гардид.

Ёдовар мешавем,ки ба ноҳияи мазкур тибқи роҳхат 22 нафар омӯзгорони ҷавон омада, аз фанҳои гуногун дар муассисаи таълимӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул хоҳанд шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадсаидзода Шаҳноза, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар ноҳияи номбурда, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони ҷавон дар доираи дастуру супоришҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.

Мақсад аз вохӯрии имрӯза ҷалби мутахассисони ҷавон ба мактабу маориф, тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад.

Маорифчиён зимни мулоқот изҳор доштанд,ки ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи аҳли маориф натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон маорифчиён бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

С.АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода