РАИСИ ВИЛОЯТ ДАВЛАТАЛӢ САИД БАРОИ ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН БА ШАҲРИ НОРАК ОМАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 391
Дар маҷлисгоҳи шаҳрдории Норак аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон ҷараён дорад.
Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад.
Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.
Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон Ҳабибулло Саъдуллоев оид ба сохтмони муассисаи таълимӣ тариқи дастгирии лоиҳаҳо дар маҳаллаи Навдеҳ, Асад Абдуллоев аз деҳаи Дӯстӣ ва Раҷаббӣ Алиева аз деҳаи Чашма оид ба кумак дар муолиҷаи фарзандон, Зиёда Шарипова, Нигина Ҳақназарова ва Абдусаттор Файзуллозода оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, Ҳамроқул Тоҷимуродов оид ба расонидани кумак барои азнавсозии манзилаш, ки бар асари сӯхтор вайрон шудааст, Таваккал Саидов оид ба сохтмони муассисаи томактабӣ, Суҳроб Солеҳов оид ба расонидани кумак барои ҷарроҳии чашм, Подшоқул Қурбонназаров оид ба ҷудо намудани саҳми заминҳои чарогоҳ, Акбар Сайфуллоев оид ба иваз намудани симчӯбҳои барқ дар деҳаи Дӯстӣ, ки 2,5 ҳазор аҳолӣ дорад, дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвнндон др мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Норак раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба дастгирии давлатӣ дар самти рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии шаҳри Норак андешаронӣ кард.
- Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар шаҳри зебоманзари Норак ба таври назаррас ободу зебо ва пешрафта гардидааст, - гуфт раиси вилоят. - Мо бояд аз зарфиятҳои ин шаҳр ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум самаранок истифода кунем.
Қайд гардид, ки дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025 амалисозии 183 лоиҳа ба маблағи умумии 453 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон равона шудаанд.
Раиси вилоят вобаста ба иқтидори бузурги сайёҳии шаҳр ба роҳбарияти шаҳри Норак ва масъулини соҳа барои ташкил намудани хатсайр барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ дар мавзеъҳои истироҳативу фароғатии шаҳр ва обанбори неругоҳ, ташкили инфрасохтори муосир ва нуқтаҳои хизматрасонӣ супоришҳо дод.
Инчунин, аз ҷониби раиси иилоят Давлаталӣ Саид ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бурдани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастур дода шуд.
Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва марказҳои саломатӣ барои давраи тирамоҳу зимистон, тақозои замон шумурда шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00