Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТИРГОН — ҶАШНИ ОБУ ОБОДӢ


ТИРГОН — ҶАШНИ ОБУ ОБОДӢ




24 июн, дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар ҳамоиши вилоятии ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. 

Дар ин маросим муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода, раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода ширкат варзиданд. 

Пас аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят қисмати тантанавии ҷашн доир гардид.

Муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода зимни ироаи сухани табрикиаш гуфт, ки ҷашни миллии мавсимии тоҷикон -  Тиргон падидаи иҷтимоӣ-фарҳангие мебошад, ки ба ҳодисаҳои табиат иртибот дошта, оғози онро ниёгони мо – ориёиҳо бунёд гузоштаанд. Дар масири пурталотуми таърих аҷдоди тоҷикон ин ҷашнро чун василаи пайвандгари байни инсону табиат, фарду ҷамъият ва ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи худогоҳӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан шинохтаанд ва гиромӣ доштаанд.

- Ҷашнҳои мазкур асосан заминаҳои қавии табиӣ ва нуҷумӣ доранд. Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рушноии осмон (офтоб ва ҳаво) иртибот доранд, - идома дод А. Салимзода. - Зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддаси нахустмабдаъ мепайванданд.


Дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ Ҷашни Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир, баробар ба ҳафтаи аввали моҳи июл, ки он рӯзро низ, Тир меномиданд, баргузор мегашт.

Ба қавли муовини якуми раиси вилоят, Тиргон ба об иртиботи қавӣ дошта, онро ҷашни об гуфтан низ мумкин аст. Дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя то солҳои наздик маросими даъвати борон, ба монанди ашагулон, обрезгон, сусхотун гузаронда мешуданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик обро чун неъмати муқаддас ва сарвати бебаҳо дониста, омили асосии ҳаёт мешумурданд. Бинобар ин, дар байни мардум то ҳол ақидаи “Обу ҳаёт” мавҷуд аст.

"Пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, истифодаи самараноку оқилонаи он, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба тамаддуни қадимаи миллии мо иртибот мегирад", - афзуд А. Салимзода.

Моҳи Тир ба даврае рост меояд, ки ғалла ва меваҳои зиёде мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи киштукор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Дар пайвастагии гардиши Офтоб таҷлили Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо шодиву нишот ва бо ниёиш аз Эзади худ талаб мекарданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин дорад:
Тиру обу хокро тамҷид кун,
Бар сахои эзадӣ уммед кун!

Таъкид шуд, ки дар шароити рушди технологияи муосир ба кишоварзони мо лозим аст, то дар арафаи Ҷашни Тиргон чорабиниҳо, аз ҷумла таъмири иншооти об, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, омода кардани замин ба кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳои зудрас ва кишти саривақтии онҳоро ба сомон расонанд. Ҳамзамон, чорабиниҳои агротехникии парвариши зироатҳо, омодагӣ барои сари вақт ҷамъоварии ҳосилу коркарди он ва ғайра мувофиқ ба ин ҷашни муҳим аст. 



Дар интиҳои қисмати тантанавии чорабинӣ Амонулло Салимзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сокинони сарбаланди вилоятро ба муносибати Ҷашни Тиргон шодбошу таҳният гуфт.

Пасон, барномаи зебои фарҳангии аҳли ҳунари вилоят тақдими аҳли ҷамъомад гардид.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода