Эҳсоси дунёи ваҳдат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 414
Эҳсоси дунёи ваҳдат Ҳар субҳ ба донишгоҳ бо хатсайри маршруткаи 3 меравам. Биноҳои донишгоҳ намоён мешаваду ронанда мепурсад:
-Истгоҳи “Ваҳдат” ҳаст?
Ҳамроҳи ман донишҷӯёну устодон аз мошин мефароянд. “Ваҳдат” ном гирифтани ин бинои истиқоматӣ бо маҷмааи иҷтимоияш-мағозаву дорухона, ошхонаву бонк, дӯкони меваву сабзавот бесабаб нест.
Ифтитоҳи ин бино ба иди Ваҳдат рост омада буд. Бо номи Ваҳдат номгузорӣ шудани кӯчаву хиёбон, ноҳия дар Тоҷикистон, ки фазои иттиҳоду сарҷамъӣ дорад, муносиб афтодааст. Ин ваҳдати миллӣ 26 сол инҷониб кафили сулҳу субот ва пешравии ҷомеаи мо гардидааст. Аз шарофати он натанҳо хисороти ҷанги шаҳрвандӣ рафъ шуд, балки роҳҳо, биноҳо ва мактабу маҳаллаҳои нав сохта шуданд. Корхонаҳои нав ба кор даромаданд. Симои маркази вилояти мо-Бохтар ҳам тағйир ёфт. Хиёбонҳо гулпӯшу чароғон гардиданд.
Шоир бамаврид тараннум кардааст:
Ваҳдат ин бахт асту иқболи ҳама
Ваҳдат ин кошонаи ободи мо.
Солҳои аввали баъди даргириҳо, ки Бохтари мо маркази муборизаҳо буд, хонаву кӯчаи обод намонда буд. Мардум гуреза шуданд.
Ёд дорам, он солҳо аксари донишҷӯён аз ноҳияҳо ва минтақаҳои дигар ба дарс омада наметавонистанд. Ҳатто аз Кӯшониёну Вахш, Хуросону Левакант ба амнияташон, ки кафолат набуд, нақлиёт ҳаракат намекард, имконияти идомаи таҳсил надоштанд.
Устодонро ҳам ба ватани бобоии худ - Суғду Рашт, Бадахшону Зарафшон рафта, аз беамнӣ имконияти баргаштан надоштанд. Маҳз ваҳдат онҳоро ба донишгоҳ баргардонд, ба онҳо умед бахшид, ки боз таълим диҳанду мутахассисонро омода кунанд.
Имрӯз ба ҷойи се факултаи пештара биноҳои нави замонавии факултетҳои забони русӣ, педагогика ва варзиш, таърих ва ҳуқуқ, майдони варзишӣ, майдончаҳои волейболу футбол қомат афрохтаанд.
Аз дарвозаи донишгоҳ аввал навиштаҷоти “Ваҳдат” ба чашм мерасад. Ваҳдати устодону донишҷӯён фарзандони як диёр - Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҷузъи он ваҳдати бузурги миллат аст. Рӯҳияи ваҳдат дар ҳама ҷо эҳсос мешавад. Бигузор ин ваҳдат баҳри ободии ин Ватан, ин миллат доимо поянда бошад.
Дилором МАҲКАМОВА
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00