Ваҳдати миллӣ кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 405
Паёми табрикии раиси вилояти хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони арҷманд!
Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳим ва сарнавиштсоз сабт гардидааст, самимона шодбошу таҳният гуфта, бароятон осудаҳолӣ, толеи наку ва саодатмандӣ таманно дорам.
Аз саҳифаҳои таърихи навини давлатсозӣ медонем, ки дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистон акнун соҳибистиқлол шуда буд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мусаллаҳона кашонида, дар як муддати кӯтоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтониданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ, ки 5 сол идома ёфт, беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба ҳалокат расиданд, зиёда аз як миллион нафар ҳамватанон гуреза шуданд ва даҳҳо ҳазор манзилҳои зист, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим, махсусан дар вилояти Хатлон харобу валангор гардиданд. Зимнан, хатари несту нобуд шудани давлати тозабунёди тоҷикон пеш омада буд.
Хушбахтона, ба тақдири мардуми азиятдидаи тоҷик шахсе Роҳбари давлат интихоб гардид, ки бо хиради волои инсонӣ ва нексириштӣ алангаи ҷанги таҳмилиро хомӯш намуд; ин шахси поктинат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо талошҳои шабонарӯзӣ ба эҳёи давлати навин шуруъ намуданд.
Ҳамин тариқ, санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, он дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон рӯзи тантанаи ҳамдиливу суботу осоиш ва татбиқи ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Баъди имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва бо талошҳои ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамон ба маҳалли зист ва хонаву манзилашон баргардонида шуданд, корҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ оғоз ёфтанд, шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ аз нав эҳё шуда, сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният таъмин гардид.
Ин аст, ки таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи басо арзишманд имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди тањлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Дар ҳақиқат, месазад, ки Ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафу ормонҳои миллӣ ва нақшаву ниятҳои неку созанда ба мардуми қавиирода, заҳматкаш ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои мамлакат такя мекунанд. Бинобар ин, моро мебояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам муттаҳидтар шуда, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагииИстиқлоли давлатии Тоҷикистон, ба истифодаи самараноку оқилона аз имконияту захираҳои фаровони вилоят аҳлона машғул шавем. Зеро вусъати корҳои саҳроӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои холишудаи обӣ, саҳмгузорӣ дар бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат намуда, дар заминаи ваҳдату ҳамдилӣ ба даст меояд.
Боиси ифтихору шодмонист, ки мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи Тоҷикистон таҳти парчами муттаҳидию ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфта, барои ҳифзу таҳкими он бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавонем давлати тозаистиқлоламонро ба мамлакати ободу пешрафта табдил дода, барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузорем.
Эътимоди комил дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ҳамчун сарчашмаи иқболу некуаҳволии мардуми вилояти Хатлон ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор мемонанд.
Бо ин нияти хайр, бори дигар Рӯзи ваҳдати миллиро ба халқи азизамон ва сокинони сарбаланди вилояти Хатлон табрик гуфта, таманно менамоям, ки роҳи давлату миллати мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ҳамеша равшан ва иттиҳоди ҷомеаи мо бе заволу ҷовидон бошад.
Зиндаву ҷовид бод, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00