ДАВЛАТАЛӢ САИД УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ ИНТИХОБ ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 290
Имрӯз, 21 июн, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Ин ҷаласа бо мақсади гузаронидани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ аз вилояти Хатлон №3 даъват шуда буд.
Қайд гардид, ки дар асоси моддаи 43-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Раиси комиссияи ҳавзавии интихобот Шавкат Маҳмадализода зимни ифтитоҳи ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилоят қайд кард, ки ба рӯйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоби узви Маҷлиси миллӣ 934 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ворид гардида, аз ин ҳисоб дар ҷаласаи имрӯза 858 вакил ҳузур доштанд.
Пас аз ин вакилон дар интихобот мавқеи худро муайян намуданд ва Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб карда, интихоботро баргузоршуда эълон намуд.
Тибқи иттилои Шавкат Маҳмадализода номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Давлаталӣ Саид шумораи лозимии овозҳоро вакилони интихобкунандаро гирифта, узви Маҷлиси миллӣ интихобшуда эътироф мегардад.
Узви тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ҳамаи интихобкунандагон миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ дар таҳкими қонунгузории кишвар баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳад буд.
- Бо арҷгузорӣ ба манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ барои таҳкими суботи сиёсӣ дар ҷомеа, татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзам, - гуфт раиси вилоят. - Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва намояндагии худро барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди асосҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят, таҳкими имкониятҳо ҷиҳати истифодабарии васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла ташкили технопаркҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, мусоидат барои ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, таъмини густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушд ва дигар сохторҳои байналмилалии молиявӣ бо мақсади ҷалби бештари саҳмгузориҳои молиявӣ дар вилоят, рушди содирот, вусъатбахшии ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона хоҳам кард.
Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ Давлаталӣ Саид ҳамчунин қайд кард, ки баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ тавассути дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таҳкими асосҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон, ҷалби ҳамватанон-соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, мусоидат ба таҷдид ва навсозии муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ, обрасонӣ, фарҳангу варзишӣ, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидорҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ташкили тарғиби ҳаматарафаи он, баланд бардоштани мақому нуфузи омӯзгор дар ҷомеа ва дастгирии иҷтимоии онҳо, дастгирии ташаббусҳои созанда ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи ӯ хоҳад буд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00