СОКИНОН ДАР КУҶО ОББОЗӢ КУНАНД ё чаро дар Хатлон ҳавзҳои шиноварии ройгон нест?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Тандурусти ва экология / Таҳқиқи журналистӣ / Хабарҳо, Боздид 1 422
Ҳамасола бо фаро расидани фасли гармо қариб дар тамоми манотиқи кишвар ҳодисаҳои нохуши ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта мешавад. Баъзе аз бемасъулиятии падару модар, бархеи дигар аз надоштани таҷрибаи шиноварӣ ва сеюмин бинобар дар ҷойҳои манъбуда оббозӣ кардан, ғарқ мешаванд. Ин ҳолат дар вилояти Хатлон низ яке аз проблемаҳои асосӣ маҳсуб меёбад, ки дар оғози фасли гармо аллакай даҳҳо нафар ҷон ба Ҳақ таслим карданд. Барои пеши роҳи ғарқшавиро гирифтан чӣ кор кардан лозим аст? Дар вилоят ҳавзҳои шиноварӣ ҳастанд? Чӣ қадар корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон гузаронида шуд?
НАЗАРЕ БА МАЪЛУМОТИ РАСМӢ
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои гармтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Табиӣ аст, ки дар ҳолати баланд шудани ҳарорати ҳаво сокинон бо ҳар роҳу васила худро салқин карданӣ мешаванд. Як роҳи салқиншавӣ оббозӣ дар ҷӯю каналҳо мебошад, ки дар баъзе маврид нохуш анҷом меёбад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол то рӯзи 18 июн 65 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 36 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон 24 нафар сокинон дар рӯду каналҳои вилоят ғарқ шудаанд, ки 17 нафарашон кӯдакону наврасони синну солашон то 16 мебошад.
Тибқи гуфтаи Ҳаким Қурбонзода, мутахассиси соҳаи тиб, оббозӣ кардан дар ҳавои гарм барои организм то ба ҳадде муфид аст. “Дар ҳавои гарм организм талаб мекунад, ки онро салқин кунӣ. Аммо оббозӣ кардан бояд дар ҳавои ниҳоят гарм сурат нагирад, чун хатарҳои зиёд дорад. Рӯзона аз соати 11:00 то соати 16:00 оббозӣ кардан тавсия дода намешавад” – таъкид кард ӯ.
“БАЪЗЕ СОКИНОН МОРО НОДУРУСТ МЕФАҲМАНД”
Ҳамарӯза аз ҷониби намаяндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон гузаронида мешавад.
Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, зимни суҳбат изҳор дошт: “Аксари сокинон моро дарк мекунанд ва тавсияҳои моро иҷро мекунанд. Аммо баъзе сокинон норозигӣ баён карда, дар фасли гармо дар куҷо оббозӣ карданро мепурсанд. Дар соҳили дарёҳо бештар кӯдаконро мебинем, ки ин аз бемасъулиятии падару модар дарак медиҳад”.
“ҲАВЗҲОИ ШИНОВАРӢ НЕСТ...”-МЕГӮЯНД СОКИНОН
Имрӯз дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо мебинем, ки сокинон, хусусан кӯдакону наврасон дар минтақаҳои хатарноке, ки дар он ҷойҳо шино кардан қатъиян манъ аст, оббозӣ мекунанд. Ба таври мисол гуфта метавонем, ки ҳамарӯза кӯдакону наврасон дар наҳре, ки аз маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар мегузарад ва суръати баланд дорад, оббозӣ мекунанд.
Бо Муҳаммад Набиев (шартӣ) наврасе, ки дар наҳри маркази шаҳри Бохтар оббозӣ мекард, суҳбат намудем. Ӯ қайд медорад, ки ҳаво гарм аст ва мехоҳад, ки барои салқин шудан оббозӣ кунад. “Чун ҳама дар ин мавзеъ оббозӣ мекунанд”, ӯ низ дар пайравӣ ба дигарон ин корро анҷом медиҳад.
Шояд кӯдакон надонанд, ки ин минтақаҳо барои оббозӣ кардан хатарноканд ва эҳтимоли ғарқшавии онҳо хело зиёд аст. Дар ин раванд бояд падару модар фарзандони худро назорат кунанд ва қоидаҳои бехатарии оббозиро омӯзонанд.
Ҳамин тариқ, бо Фарангис Мирзоева, модари чор фарзанд, суҳбат намудем. “Ҳамеша назорат мебарам, ки фарзандонам дар куҷо бояд оббозӣ кунанд. Дар поёни маҳалла як ҷӯй аст, ки нисбатан бехатар мебошад. Дар вақтҳои лозима ба кӯдакон изоҷат медиҳем, ки рафта оббозӣ кунанд, аммо ҳамеша ҳамроҳашон шахси калонсол меравад. Дар ҳақиқат, шояд ин ҷӯйҳо аз нигоҳи тиббию санитарӣ ва қоидаҳои мудофиавӣ бехатар набошанд, вале ҳавзҳои шиноварӣ нест, ки сокинон дар онҳо оббозӣ кунанд”, - гуфт ӯ.
Воқеан, тибқи маълумот ва мушоҳидаҳо ҳавзи шиноварӣ дар ҳудуди вилоят хеле кам аст. Аксар маврид сокинон наметавонанд, ки аз онҳо истифода баранд. Дар ҳолати ғарқ шудани ягон нафар дар ҷӯйҳое, ки дар онҳо оббозӣ кардан манъ аст, кӣ ҷавобгар мешавад?!
“ИМКОНИЯТИ МОЛИЯВӢ НЕСТ”, - МЕГӮЯД МАСЪУЛИН
Чуноне ки ба назар мерасад, сокинон аз набудани имкони васеи оббозӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ шикоят мекунанд. Қариб ҳамаи онҳо сабаби асосии дар ҷойҳои хатарнок оббозӣ карданро дар набудани ҳавзҳои шиноварӣ мебинанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз дар ҳудуди вилоят 37 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки аз ин 27 ададаш коршоям асту халос. Шаҳри Бохтар, ки маркази маъмурии вилоят маҳсуб меёбад, ҳамагӣ 3 ҳавзи шиноварӣ дорад, ки аз ин ду адад дар ҳолати корӣ ва як ададаш корношоям мебошад.
Ҳамчунин, гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Балҷувон, Темурмалик, Фархор, Восеъ, Ш. Шоҳин умуман ҳавзҳои шиноварӣ вуҷуд надоранд. Гулзира Файзуллозода, сокини ноҳияи Восеъ, зимни суҳбат иброз дошт, ки агар масъулин ба масъала расидагӣ кунанд ва барои оббозӣ шароити хуб фароҳам оранд, шояд ҳолати ғарқшавии сокинон дар ҷӯю каналҳо кам шавад.
Аловуддин Амирзода, и.в. сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар суҳбат чунин гуфт: “Чуноне ки мо медонем, ҳама кор бо имконият фароҳам оварда мешавад. Мо мактуб кардем, ки сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, хусусан дар он ҷойҳое, ки умуман чунин ҳавз нест, ба роҳ монда шавад. Вобаста ба имконияти мавҷуда пешниҳоди мо зери назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Агар ягон соҳибкор барои сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ сармоягузорӣ кунад, мо мусоидат мекунем”.
Бархе сокинон мегӯянд, ки барои оббозӣ дар ҳавзҳои пулакӣ имконият надоранд, аз ин рӯ, дар ҷӯю каналҳо оббозӣ мекунанд.
ҲАВЗҲОИ ШИНОВАРИИ РОЙГОН ҲАСТ?
Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, зимни суҳбат қайд намуд, ки дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо сокинон аксарият аз набудани ҳавзҳои шиноварӣ шикоят мекунанд: “Бо чандин оила суҳбат доштем. Аксар норозигӣ баён карда мегӯянд, ки ҳавзҳои шиноварӣ пулакианд. Мо имконияти ҳар рӯз бо пул оббозӣ карданро надорем”.
Суоле ба миён меояд, ки чӣ қадар ҳавзҳои шиноварии ройгон мавҷуд аст? Вобаста ба саволи мо Аловуддин Амирзода, и.в. сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, чунин посух дод: “Ҳар як бино барои нигоҳубин, таъмир ва фароҳам овардани шароит хароҷот дорад. Ҳавзҳои шиноварӣ низ чунин ҳастанд. Аксари ҳавзҳои шиноварӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд ва барои истифодаашон маблағ талаб мекунанд. Мутаассифона, дар ҳудуди вилоят ягон ҳавзи шиноварии ройгон нест”.
ХУЛОСА Ё ЧАНД ТАВСИЯИ КҲФ БА СОКИНОН
Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон тавсия медиҳад:
- фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва чун дар соҳили обҳо қарор доред, онҳоро беназорат нагузоред;
- дар маконҳои ношинос оббозӣ накунед;
- дар ҷойҳое, ки нишонаҳои огоҳкунандаи мамнуъ будани оббозӣ овезон карда шудаанд, оббозӣ накунед;
- дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;
- пеш аз он ки вориди об шавед, ба худ ва фарзандонатон камзӯлҳои шиноварӣ пӯшонед. Агар ин гуна имкон надоред, пас талош кунед дар ҷойҳое оббозӣ кунед, ки бехатар бошад;
-дар дохили об бозӣ накунед, бахусус аз амалҳое ба мисли дасту пои ҳамдигарро доштану кашидан худдорӣ намоед.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00