Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Хатлон ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илм баргузор гардид


Дар Хатлон ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илм баргузор гардид



Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илм бо иштироки Фирӯза Шарифӣ муовини раиси вилояти Хатлон, Ҷуразода Ҷамшед муовини аввали вазири маорифива илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардорони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят доир гардид. 

Нахуст, Ҷуразода Ҷамшед муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромад қайд намуд, ки амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти рушди маориф то ҳол қонеъкунанда набуда, зимни санҷишу азназаргузаронӣ  дар ин самт масъулинро зарур аст, ки барои татбиқи стратегияи рушди соҳа тадбирҳои заруриро андешанд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки  кӯдакистонҳои томактабӣ сарчашмаи донишандӯзии ҳар як хонанда буда, дар ин самт мутахассисиони пуртаҷриба ва баландихтисос ҷалб карда шаванд, то ин ки  сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ боло равад. 


Талаботи стратегӣ тақозои онро мекунад, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани синфхонаҳои лингафонӣ, компиютеркунонӣ, насби тахтаҳои электронӣ, таъмиру азнавсозии биноҳҳои муассисаҳои таълимӣ ва шароити хуби таълим барои хонандагон муҳйё намудан лозим аст. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоятмудирони шаҳру навоҳии вилоятро таъкид намуд, ки ҳар чи бештар дар ҳаллу бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, масъалаи иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Қайд гардид,ки дар самти иҷроиши барномаҳои мазкур масъулинро зарур аст,ки бо дарки масъулияти баланд корбарӣ намоянд. Зеро ҳамаи барномаҳо саропо дар самти рушди соҳа мусоидат мекунанд.

Абдулло Риоев, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода