Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БА МАСЪАЛАИ ИНТИХОБ ВА ҶОБАҶОГУЗОРИИ КАДРҲО МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ МЕБОЯД


БА МАСЪАЛАИ ИНТИХОБ ВА ҶОБАҶОГУЗОРИИ КАДРҲО МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ МЕБОЯД



Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Муҳаммад Орифзода ҷаласаи корӣ доир шуд.

Дар ин маҷлис сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ ва махсус ва ҳуқуқшиносони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Муҳаммад Орифзода доир ба мавзуъҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи интизоми корӣ масъалагузорӣ намуд ва вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз масъулини шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал овард.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ба масъалаҳои таъминоти кадрӣ, иҷрои саривақтии асноди назоратӣ, амалишавӣ ва иҷрои талаботи қарору барномаҳо, консепсияву стратегияҳо дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд диққати зарурӣ зоҳир карда шавад.Мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани асноди назоратӣ, саривақт ҷавоб гардондан ба ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шаҳру ноҳияҳо ирсол мегарданд, низ аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа буд.

 


Гуфта шуд, ки бояд аз тарафи шахсони мутасаддӣ вобаста ба иҷрои талаботи ҳар як банди он масъулияти бештар зоҳир гардад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода