Дастгоҳи муосири муоинаи чашм дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 447
Дар шуъбаи бемориҳои чашми Маркази саломатии шаҳри Бохтар дуюмин дастгоҳи ташхис ва ҷарроҳии чашм оргонлазер дар Тоҷикистон дастраси табибон ва беморони чашми вилояти Хатлон гардид.
Қаблан чунин дастгоҳ бори нахуст дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар шаҳри Душанбе насб гардида буд. Оргонлазер (лазерная коагуляция) истеҳсоли ИМА дар ҳамкорӣ бо Ҷопон мебошад. Моҳи июни соли ҷорӣ дуюмин дастгоҳ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ба вилояти Хатлон дода шуд.
-Нахуст, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки имрӯз ба табибони мамлакат, хосса вилояти Хатлон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд. Ҷиҳати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаашон нисбати табибони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ нисбати онҳо шодем ва ин ба мо имкон медиҳад, ки аз ҳарвақта дида, хубтару босифат ба мардуми кишвар хизмати худро расонем.
Муддати шаш моҳ дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзии дастгоҳи Оргонлазер (Лазерная коагуляция)-ро гузаштем. Тавассути таҷҳизоти мазкур мо метавонем, тамоми қисмати чашмро муоина намоем ва дар ин баробар метавонем амалиёти ҷарроҳӣ гузаронем. Яке аз намудҳои паҳншудатарини бемории чашм, ин ба диабети қанд вобаста мебошад. Аввалин мушкилие, ки дар беморони гирифтори диабети қанд ба вуҷуд меояд, ин вайроншавии биноии чашм аст.
Яъне дар қафои тӯрпардаи чашми бемор рагҳои нави хунгард ва илтиҳобҳои гуногуне пайдо мешавад, ки он сабаби хунрезӣ гашта, ниҳоят ба нобиноӣ оварда мерасонад. Тавассути оргонлазер, мо рагҳои иловагии пайдошударо месӯзонем ва бо ин роҳ беморро аз нобиноӣ пешгирӣ менамоем,- гуфт Парвиз Адилов, духтури бемориҳои чашми Маркази саломатии шаҳри Бохтар.
Оргонлазер (лазерная коагуляция) баръакси ҷарроҳии анъанавии пардаи ҳассоси чашм, ретина беморро аз барқарорсозии дарозмуддат наҷот медиҳад.
Тӯрпарда (ретина)-и чашм ё қабати ҳассоси дарунии чашм қисми периферии анализатори визуалӣ мебошад. Нейронҳои ретинавӣ қисми ҳассоси системаи визуалиеанд, ки хабардиҳиҳои (сигналҳо)-и рӯшноӣ ва рангро дарк мекунанд.
- Қабл аз муоина тавассути таҷҳизоти оргонлазер ба чашмони бемор ҳабҳои беҳискунанда чаконида, (суперлинза) линзаеро, ки 180 маротиба чашмро калон карда нишон медиҳад, ба гавҳараки чашм гузошта, ҷойҳои зарардидаро муоина мекунем. Дар ҳолати вазнин мо амалиёти чарроҳӣ мегузаронем. Ҷарроҳӣ ҳамагӣ 15-20 дақиқа идома меёбад. Бо ёрии дастгоҳи мазкур нури лазерро ба чашми бемор равона ва майдони мушкилотро муайян карда, ҷарроҳиро зери беҳискунии қатраҳои дохилӣ анҷом медиҳем,-баён кард духтури бемориҳои чашм.
Ба воситаи оргонлазер (лазерная коагуляция) бемориҳои зеринро метавон муолиҷа ва ҷарроҳӣ кард:
*Миопия (наздикбинӣ).
*Ангиоретинопатияи диабетикӣ (хун дар тӯрпарда нодуруст гардиш мекунад, боиси пастшавии биноӣ мегардад. Гирифторони диабети қанд ба ин намуди бемории чашм гирифтор мешаванд).
*Ретинопатия (хунравии рагҳои чашм).
*Тромбози рагҳои чашм (лахташавии хун дар раги марказии турпарда).
*Танаффуси ретина (дар натиҷаи ҷароҳат гирифтани чашм, зери таъсири фишори ҷисмонӣ; афтидан, ба баландӣ баромадан ва ғарқшавӣ ба вуҷуд меояд).
*Дистрофияи ретиналии пирӣ (сустшавии мубодилаи моддаҳо ва бофтаҳои чашм ва вайроншавии таъминоти хун дар он дар натиҷаи гузариши синну сол).
*Ҷудошавии ретина (тӯрпарда аз рагҳо ҷудо шуда, дар натиҷа бемор ба куллӣ биноиро аз даст медиҳад).
Акнун ба сокинони вилояти Хатлон барои муолиҷаи чашм лозим намеояд, ки ба пойтахти ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд. Онҳо метавонанд дар маркази вилоят бе мушкилӣ чашмони худро табобат намоянд.
Фарида БАРОТОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00