АЪЗОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ СУҲБАТ ВОХӮРӢ ОРОСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 500
Имрӯз, 9 июн, дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зери роҳбарии Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон", Сайфиддин Давлатзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ суҳбат-вохӯрӣ оростанд.
Ин ҳайат зимни баромадҳои худ оид ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сифати таҳсилот, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ надодан ба исрофу зиёдаравӣ ёдовар шуданд.
Хурду бузурги мардуми кишвар ҳамеша дар ёд доранд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.
Бо ифтихору итминон метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...