Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо шарикони рушд дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 445
Соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии ҷомеа маҳсуб ёфта, пешрафти тамоми намуди фаъолияти хоҷагии мардум ба он вобастагӣ дорад. Дар ин самт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда боиси он мегардад, ки соҳа беҳтару хубтар ташккул ёфта, барои ба як низоми муайян даромадани он ва шароити хуби таҳсил фароҳам овардан барои насли наврас иқдоми неку созанда маҳсуб меёбад.
Бо мақсади фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассиса ва иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятии дохилӣ, хориҷӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маорифи вилоят ва мувофиқакунонӣ дар раванди таҳияи нақшаҳои корӣ ва татбиқи лоиҳаҳо Рёсати маорифи вилояти Хатлон Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар соҳаи маорифро ташкил намуд.
Рӯзи 13 июни соли ҷорӣ бори нахуст Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо иштироки сардори раёсати маориф, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят, мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии алоқаманд ба соҳаи маориф ва дигар меҳмонон дар тарабхонаи Леваканти шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Сараввал, Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, оид ба ҳадафи ташкилу шакли фаъолияти Шӯрои мазкур суханронӣ намуда, аз нафъи кори он ёдовар гардид. Қайд гардид, ки Шӯро дар мустаҳкам намудани ҳамкории Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо шарикони рушд мусоидат хоҳад кард. Ин ҳамкорӣ дар беҳтар гардидани шароит баҳри таълиму тарбияи муосири насли наврас таъсири мусбат мерасонад.
Баъдан, ҳайати иштирокчиён бо Низомномаи Шӯро, мақсаду вазифа, нақшаи фаъолият ва ҳадафи он ошно гардида, оид ба он фикру иулоҳизаҳои хешро баён карданд. Ҳамчунин, ҳозирина аз амалишавии ташаббуси мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, азҳор доштандан, ки фаъолияти Шӯро дар кори шарикони рушд ва амалишавии лоиҳаҳо мусоидат менамояд.
Сипас, иштирокдорон аз рӯйи нақшаи Шӯро изҳори назар карда, дар бораи лоиҳаҳои худ, ки дар самти соҳаи маориф амалӣ мекунанд, маълумот доданд. Шӯрои ҳамоҳангсоз бо шарикони рушд дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон тибқи нақша доиман амал карда, кори аъзоён аз Шӯро то Шӯрои навбатӣ таҳлил ва натиҷагирӣ кашида хоҳад шуд.
Пайваста ташкил ва баргузор намудани чунин Шӯроҳо ба манфиати кор буда, мушкилоти мавҷударо бартараф месозад. Ҳамчунин, бо пешниҳод ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои гуногун дар самти маориф як қатор пешравӣ ва навгониҳо падидор мегардад, ки он барои рушди бесобиқаи маориф заминаи нек аст.
Ҷасури Қиёмиддин, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...