«Тоҷикон» шоҳасарест, ки ҳувияти миллӣ месозад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 330
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суҳбат – вохӯрии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфулло Мулоҷонов, дар мавзуи “Тоҷикон”-и Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон” бо омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, оғоз шуд.
Зимни суханронӣ С. Давлатзода оид ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» маълумот дод. Гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардид. Барои татбиқи ин иқдом, 7-уми июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки дар асоси он соли 2023 ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад.
Китоби «Тоҷикон» сарчашмаи худшиносии миллӣ аст. Озмуни «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бошад, василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорист.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба хотири дар дили донишҷӯён бедор кардани шуълаи майлу рағбат нисбат ба омӯзиши таърих баргузор мегардад.
Сайфулло Мулоҷонов, доктори илмҳои таърих, дар мавзуи “Тоҷикон”-и Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон” суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки омӯзиши таърих яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Таърих тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос қарор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат аст. Яке аз асарҳои нодири илмӣ, ки таърихи халқи тоҷикро хеле барҷаста инъикос менамояд, ин «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.
Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шӯравӣ бо хатти заррин сабт ёфтааст. «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров асари фундаменталӣ намебуд, ба чандин забонҳои олами мутамаддин тарҷума ва нашр намегардид. Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шуда, шуҳрати ҷаҳонии он боз ҳам афзун гардид.
Маҳз дар даврони Шӯравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони «Тоҷикон» кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори душвору сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи «Тоҷикон»-ро гузошт, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст.
Бобоҷон Ғафуров бо офаридани китоби «Тоҷикон» миллати барӯманду хирадсолори тоҷикро ба ҷаҳониён шинос намуд ва ин зарринкитоб ҳамчун шиносномаи миллат шинохта шуд.
Дар охир омӯзгорону донишҷӯён ба саволҳои пешниҳоднамудаи хеш ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...