Хонандагон ба илмомӯзӣ ҷалб мегарданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 437
44-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хатлон
Бори аввал дар литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар 44-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, Президенти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Ҳисориев, директори Институти ботаника, физиология ва растании Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бақозода ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Нахуст, Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилоят, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки иштироки хонандагон дар даври ҷумҳуриявии 44-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта бамаротиб афзудааст. Мавсуф иброз дошт, ки тамоми имконот барои илмомӯзӣ ва иштирок дар чунин озмунҳо барои хонандагони болаёқати вилоят фароҳам оварда шудааст.
Сипас, Ҳикмат Ҳисорӣ, президенти Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба фаъолияти хонандагон дар Академия ва ҳадафҳои баргузории ин озмун ба ҳозирин иттилоъ дод.
Баъдан, хонандагон дар назди ҳайати доварон ва аъзоёни Академияи хурди илмҳо, гузоришу маърӯзаҳо ва рефератҳои худро аз рўйи мавзуъҳои таҳқиқотиашон муаррифӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки мақсади баргузории сессияҳои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани донишу малакаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ҷалб намудани хонандагон ба илмомӯзӣ буда, барои иштироки фаъолона варзидан дар олимпиадаҳои фаннӣ, инчунин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" замина мегузорад.
Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ-физика, химия, биология, информатика ва математика доир карда шуд.
Фарида БАРОТОВА,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...