Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 382
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар силсилаи дидору мулоқот бо сокинони маҳаллиро идома медиҳад.
Аъзои гурӯҳ, ки аз сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон" Носирҷон Маъмурзода, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Офоқ Қодириён, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Шоиста Абдуназарзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода ва дигар фаъолон иборат аст, дар маҳаллаҳои Ғайрат, Ҳаёти нав, Зархез, Зарбдор ва Дӯстии шаҳри Бохтар бо истиқоматкунандагон суҳбат оростанд.
Дар мулоқотҳо таъкид шуд, ки ваҳдати миллӣ, ки арзиши бебаҳои миллати мост, асоси пешрафту шукуфоии давлат мебошад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Ваҳдати миллӣ қудрати мо, тавоноии миллати мо, кафили амнияту суботи давлати мост». Тамоми пирӯзиҳо аз иттиҳоди мардум, пуштибонии сиёсати давлат ва пайравии Пешвои миллат ба даст меояд.
Дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ тарбия намудани фарзандон, роҳ надодан ба харҷҳои нолозим, захира намудани маводи озуқа, саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал, таъмини шароити мусоид барои таълим ва ташаккули фарзандон, истифодаи босамари ҳар ваҷаб замини киштбоб, пешгирӣ аз бекорагардии кӯдакону наврасон дар фасли таътил аз ҷумлаи мавзуъҳои мавриди баррасӣ дар вохӯриҳо буд.
«ХАТЛОН»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00