Ҳар куҷое бошем, бо ёди Ватан бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 488
Ватан муқаддастарин неъмат, ноёбтарин гавҳар, азизтарин ганҷ барои ҳар як инсон аст. Ёди Ватан моро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад. Номи покаш ба дили мо оромиш мебахшад. Мо бояд шукронаи ҳар як зарра хоки Ватани биҳиштосои худ, ки онро Тоҷикистон ном аст, намоем. Шукрона кунем, ки дар чунин давлати ободу зебо тинҷу ором умр ба сар бурда истодаем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳои хеш ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос ва бофарҳанги миллати тоҷикӣ даъват ба амал оварда таъкид менамоянд, бо истифода аз суннатҳои неку писандидаи аҷдоду гузаштагонамон сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Ватани азизамонро дарку эҳсос намуда, дар таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Насли калонсоли кишвар борҳо таъкид мекунанд: «Айни ҳол замоне расидааст, ки вазъияти тамоми давлатҳои ноором ва инқилобу ҷангҳои бемантиқи кишварҳои дунё ба ҳар яки мову шумо дарси ибрат бояд бошад. Вазифаи ҳар яки мо дар чунин ҳолат аввалан дар зеҳни насли наврас тарбия намудани ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар чунин як шароити ниҳоят ҳассос ва душвор новобаста аз синну сол, касбу кор, балки бо истифода аз ахлоқи ҳамидаи тоҷиконаи худ барои сулҳу субот, тинҷию амонии кишвари азизамон тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ диҳем ва саҳми хешро дар ободу зебо гардонидани Ватан гузорем».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳояшон пайваста қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Оре, мо-ҷавонон ояндасози ин миллати бузург ҳастем.
Мо барои ободии ин миллат саъю талош наварзем, пас кӣ мекунад. Мо фахр аз он менамоем, ки тоҷикему аз Тоҷикистонем, чунин фарҳанги бою ғанӣ, Айнӣ, Лоиқ, Рӯдакӣ, Турсунзода барин шахсиятҳои бузург дорем. Мо ифтихор аз он мекунем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ба даст даровардани давлати дигаре наҷангидаанд. Миллати тоҷик ҳамеша сулҳдӯсту инсондӯст буд ва ҳамеша чунин хоҳад монд. Ҳамин аст, ки мо ин Ватанро, ин миллатро баробари модарамон дӯст медорем. Ҳар қатраи оби ин Ватан, ҳар зарраи хоки ин Ватан бароямон ба мисли ҷон дар бадан азизу муқаддас аст. Мо ҳамеша дар рӯзҳои сахти ҳаёт бояд дар канори якдигар бошем. То ҷон дар тан дорем бо ин Ватан ҳастем ва содиқона ба он хизмат хоҳем кард.
Моҳира ГАДОЕВА,
донишҷӯйи ДДБ ба Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...