Тоҷикистон - ҷонибдори истифодаи сарфакоронаи об
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 395
Воқеан ҳам имрӯз норасоии оби нӯшокӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон боиси нигаронӣ гардидааст. Мувофиқи маълумотҳои омории Созмони Милали Муттаҳид, дар тамоми дунё наздики 2,5 миллиард нафар аз оби тозаи ошомиданӣ маҳруманд.
Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки иштирок ва баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорки ИМА 21-24.03.2023) аз ҷониби ҳамаи давлатҳои узви СММ дар сатҳи баланд пазируфта шуд.
Ташаббуси дигари Пешвои муаззами миллати мо ҷиҳати соли 2025 эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар тамоми сайёра ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.-Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва шаст фоизи захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавҷуданд, ҳамзамон кишвари мо ҷонибдори истифодаи самаранок, сарфакорона ва оқилонаи об дар минтақа ва хориҷ аз он аст.
Ҳадафи ташаббуси шашум аз ҷониби Тоҷикистон ин ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаи глобалии обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим мебошад.
Яке аз боигариҳои муҳим ва манбаи захираҳои оби тозаи Тоҷикистони биҳиштосои мо пиряхҳо маҳсуб меёбанд.Тибқи маълумотҳои оморӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон 8492 пиряхи хурду калон мавҷуданд, ки майдони умумии онҳо 8776,2 километри мураббаъро ташкил намуда, наздики 6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шудааст. “Соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд. Яъне захираи оби пиряхҳо нисбат ба миқдори сарфи солонаи дарёҳо ҳашт баробар зиёдтар аст. Ҳамасола пиряхҳо аз ҳисоби боридани барф ва фуромадани тарма захираҳои худро зиёд менамоянд. Мувофиқи тадқиқоти олимон ва омӯзиши пиряхҳо, андоза ва масоҳати баъзе пиряхҳо сол то сол кам шуда истодааст.
Мувофиқи таҳлилу мушоҳидаҳо ва таҳқиқи олимону коршиносони соҳа бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гармшавии ҳаво мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ дар оянда низ давом мекунад. Албатта, ин боиси нигаронист.
Дар раванди дарсҳои таълимӣ ва машғулиятҳо мо ба хонандагон мефаҳмонем, ки онҳо ба қадри оби тозаи ошомиданӣ ва дигар захираҳои обӣ бирасанд. Дар татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба истифодаи оқилона ва самараноки ин неъмати бебаҳои табиат, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои маҳбуби миллат доир ба оби тоза саҳмгузор бошанд.
Сайдалӣ Раҳимов , омӯзгори Мактаби президентӣ
барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...