ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 496
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик аз ҷониби раиси иилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон ҷараён дорад.
Раиси вилоят қайд намуд, ки баррасии саривақтии арзу пешниҳод ва дархости шаҳрвандон ва ҳаддалимкон расидагӣ кардан ба мушкилоти онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
"Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки якҷо бо фаъолон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ комёб шавем", - таъкид намуд раиси вилоят.
Дар қабули сайёр сокинони ноҳия Сафаров Ғанӣ, Рафиев Сайҷалол, Қурбонова Фирӯза, Куганов Низомиддин, Шарипова Муниса, Абдуназаров Эшназар, Саидшои Бурҳҳон, Давлатов Худоёр, Ибодова Нигинамо, Зокирзода Мошариф, ҷамъ беш аз 15 нафар, доир ба дарёфти кумакҳои иҷтимоӣ, барасмиятдарории манзили истиқоматӣ, таъмиру азнавсозии қубурҳои обпарто, дар маркази ноҳия, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар ҳуууди Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ", ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмони фермаи мурғпарварӣ ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ, мусоидат ба табобати фарзанд, таъмини оби нӯшокӣ масъалагузорӣ намуданд.
Ба шаҳрвандоне, ки хостори кумаки молиявӣ буданд, аз номи раиси вилоят кумакпулии яквақта дода шуд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур дод, ки оилаҳои эҳтиёҷманд ва шаҳрвандоне, ки имконияти ҷисмониашон маҳдуд аст, таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода шаванд.
Вобаста ба арзёбӣ ва расидагӣ ба арзу дархости баёншуда ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдор низ дастурҳо дода шуд. http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00