МУСТАФО ВАТАНОВ: ҲАР КАС ДАР “ПАРАСТУ” ШОҲҶОИЗАРО ГИРИФТАН МЕХОҲАД, АММО...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 549
“Парасту - 2023” ҷамъбаст гардид. Намоишномаи "Катан"-и Файзи Ашӯр бо коргардонии Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров дар асоси романи таърихии журналист Аҳмад Иброҳим дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту - 2023" аз рӯи номинаи "Беҳтарин асари таърихӣ" соҳиби ҷоиза гардид.
Ин намоишнома аз ҷониби Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузошта шуда буд.
Мо бо директори театр Мустафо Ватанов суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандаи азиз мегардонем.
Дуруд бар Шумо! Чӣ ҳол доред?
- Дуруд. Ташаккур, ҳама хуб аст. Воқеан “Парасту” иди театрҳои касбӣ ба шумор меравад ва ҳар як театр бо пешниҳоди намоишномаҳо дар он иштирок мекунад. Хушбахтона, ҳунармандони театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо намоишномаи "Катан" дар “Парасту - 2023” иштирок намуда, дили дӯстдорони санъати театриро шод карданд.
Намоишномаи "Катан" ба театр чӣ овард?
- Нахуст бояд зикр намоям, ки либосҳои зебо мо омода кардем, ки минбаъд дар дигар намоишномаҳо онҳоро истифода бурда метавонем. Инчунин ҷоизаи "Беҳтарин асари таърихӣ"-ро ба театри мо овард, ки аз ин сарфарозем. Боиси хушҳолист, ки коргардон, таҳиягар ва ороишдиҳандаи мусиқӣ - Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров низ ба театр омад ва наздики 3 моҳ бо ҳам кор кардем.
Тамошобинон ин намоишномаро чӣ гуна қабул карданд?
- Рости мо хеле хурсанд ҳастем, ки тамошобинон намоишномаро хуш пазируфтанд. Ин намоишнома мардумро ба театр овард. Дар театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тамошобинон дар берун монданд. То имрӯз 30 маротиба ин намоишномаро барои мардум ба саҳна гузоштем. Аксари тамошобинон ҳини лаҳзаҳои ҳассоси намоишнома гиря карданд. Дар маҷмуъ гуфта метавонам, ки мо ба ҳадафамон расидем. Мавзуи намоишнома ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳифзи ин марзу бум буд, ки бар дили тамошобин нишаст.
Сипосгузории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси кунунии вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр мерасонам, ки кӯмаки хубе ба ҳунармандон карданд.
Ҳунармандон аз нақшҳои офаридаашон розӣ буданд?
- Бале, ҳама розӣ буданд, ҳеҷ мушкиле дар байн набуд. Ман дар нақши Бразан будам ва хеле олӣ буд. Ман сипоси хешро ба режиссёр - Раҳмоналӣ Одиназода, саррассом - Маҳмаднаим Валиев, рассом ва устои саҳна - Муҳаммадӣ Шарипов, ёварони коргардон - Ҳунарпешагони Шоистаи Тоҷикистон Мирзо Раҳмонов ва Худойназар Тилавов, режиссёри овоз - Фаридун Ҳамидов ва дигар ҳунармандон мерасонам, ки кори мондагореро ба анҷом расониданд.
Ба назари шумо офаридани намоишномаи таърихӣ кори осон аст?
- Ба назари ман аз ҳама кори мушкил ин ба саҳна баровардани намоишномаи таърихӣ аст. Мо хеле дар ин самт заҳмат кашидем. Файзи Ашӯр ин драмаро се маротиба навиштанд: аввал назмӣ, дувум насрӣ ва севум назмиву насрӣ. Ин заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ҳунармандон низ бо завқи вижа ва ғурури миллӣ нақшҳои бар душдоштаашонро иҷро карданд.
Ғамгин нашудед, ки Шоҳҷоизаро насибатон нашуд?
- Албатта, ҳамаи театрҳо хоҳиши гирифтани Шоҳҷоизаро доранд, аммо ин ғайриимкон аст. Мо аз он хурсанд ҳастем, ки мардум моро хуш пазируфтанд ва бо гулдастаҳо самимияти худро изҳор доштанд. Ба назари ман намоишномаҳои ҳама театрҳои касбӣ хуб буданд ва як инқилоби фикриеро дар майнаи тамошобин ба вуҷуд оварданд.
Ба назари ман ҳунарманди асил ҳеҷ гоҳ ноумед намегардад ва ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад. Ҷоизаи мо тамошобини хушзавқи мо аст, ки хушбахтона онро дарёфтем.
Дар охир чӣ ногуфтаҳои дигар доред?
- Ман аз тамоми намояндагони ВАО сипосгузорам, ки кори моро хуб ба намоиш доданд. Махсусан, ба ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” раҳмат мегӯям, ки тақрибан 10 гузориш аз рафти намоишнома пахш карданд. Тамоми мухлисони театрро бовар мекунонам, ки дар оянда низ чунин намоишномаҳои беҳтарин ба саҳна мегузорем ва табъи онҳоро болида месозем.
Саломат бошед!
- Раҳмат.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00