Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК


САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК



Нимаи дуюми рӯзи 2 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ, ки барои 6000 ҷойи нишаст дар деҳоти Кангурт дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, боздид ба амал овард.

Маълумот дода шуд, ки иншооти мазкур дар масоҳати 13651 метри мураббаъ сохта шуда, то имрӯз ба маблағи 1 миллиону 385 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст ва дар ин самт корҳо бо суръат идома доранд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 25-30 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардидаанд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи дарёи оби Тоҳир, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти "Кангурт" шиносоӣ намуд.


Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар ин давра 15 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.


Тибқи лоиҳаи мазкур, баъд аз дамбабандӣ намудани дарёи Оби Тоҳир дар гирду атрофи варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст тибқи нақшаи генералии деҳоти "Кангурт" боз ҳам барои ободу зебо гардонидани деҳаи Кангурт иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шуда, бунёд мегарданд. 


Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳангоми боздид аз иншооти сохташаванда, ба масъулон ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳои муфид дод.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода