МОИ «Кӯлоб» сокинонро бо кор таъмин мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 434
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сокинонро бо кор таъмин мекунад. Алҳол дар ин минтақа 7 субъект, аз ҷумла ҶДММ «Тоҷик Алмос», ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат», ҶДММ «Кӯлоб Пласт», ҶДММ «Растанӣ Инно», ҶДММ «Сомон Трейд», ҶДММ «Ваҳдат Металл» ва ҶДММ «Саноат Сино» ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷониби ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат», ки субъекти дуюми Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба шумор меравад, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли равған, набот, коркард ва бандубасти намаки ошӣ оғоз гардид.
Маблағи сармоягузорӣ барои эъмори корхонаи мазкур 3,4 миллион сомониро ташкил дода, иқтидори солонаи истеҳсолии он 60 тонна набот, 150 тонна равған ва 5 ҳазор тонна намаки ошӣ аст. Дар назар аст, ки дар он 40 нафар бо ҷои кор таъмин шавад.
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҳадисиддин Икромов, ҶДММ «Кӯлоб Пласт» дар МОИ «Кӯлоб» ба қайд гирифта шудааст, ки самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдом истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида аст. Маблағи барои бунёди корхона пешбинишуда 3,6 млн сомониро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 6 ҳазор дона маҳсулоти пласмассӣ мебошад. Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 15 мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00