Парвариши моҳии навъи «бестер» дар Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 399
Дар ноҳияи Данғара ба рушди моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, соли 2022 истеҳсоли гӯшти моҳӣ 40 тоннаро ташкил дод. Дар се моҳи аввали соли 2023 дар ноҳия 7,5 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст.
Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, 26 хоҷагии моҳипарварии ноҳия айни замон дар 30 гектар замин дар ин самт фаъолияти босамар доранд. Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш» аз ҷумлаи ин хоҷагиҳои моҳипарварист, ки дар он бори аввал дар Тоҷикистон парвариши моҳии навъи «бестер» ба роҳ монда мешавад.
Роҳбарияти хоҷагии мазкур мақсад гузоштаанд, ки бо парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мусоидат намуда, содироти онро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳамчунин онҳо ҳадаф доранд, ки дар оянда ба парвариши беш аз 100 ҳазор моҳӣ машғул шаванд.
Тибқи иттилои Агентии омори мамлакат, дар семоҳаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 32 миллион сомонӣ гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00