Дар МОИ «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 410
Дар Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку сохта мешавад. Дар ин иртибот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Оксус ИнтерАзия FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оксус ИнтерАзия FZCO» тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷии ширкати «Interasia FZCO» дар ҳаҷми 20,0 миллион доллари амрикоӣ корхонаи истеҳсоли тамокуро дар МОИ «Данғара» бо фарогирии 78 ҷойи кории нав сохта ба истифода диҳад.
Ин иқдом дар татбиқи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва амалӣ намудани яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии мамлакат мусоидат менамояд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...