Маводҳои дорувории муҳлатгузашта нест карда шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 386
Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро тариқи сӯзонидан несту нобуд кард.
Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” хабар додаанд, рӯзи 23 майи соли 2023 дар ҳузури комиссияи босалоҳият ва бо иштироки намояндагони муассисаҳои тандурустӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ 4 ҳазору 402,72 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ ба маблағи 185 ҳазору 371 сомонӣ сӯзонида нобуд карда шуд.
Бояд гуфт, ки аксари маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, бо дархости худи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ барои несту нобудсозӣ ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон супорида шуданд. Ҳамчунин, қисме аз ин маводҳо зимни санҷишҳои мутахассисони Сарраёсат аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд.
Ба қавли маркази матбуотии Сарраёсат, дар қиёс ба солҳои пеш соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ сатҳу сифати хизматрасониро ба маротиб баланд бардошта, маводҳои доруворӣ, молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, сари вақт аз муомилот гирифта,барои несту нобуд кардан ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд.
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...