Таркиши балони газ аз истифодаи нодурусти он рух медиҳад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 434
Истифодаи газ ҳамчун неруи гармӣ натанҳо дар хоҷагии халқ, балки дар ҳаёти маишии одамон кори маъмулӣ аст. Шаҳрвандон газро асосан барои пухтупази хӯрок истифода менамоянд.
Балонҳои ихчами пропан, бутан ва изобутан аз ҳаҷми 5 мл сар карда, то 50 мл дар мағозаҳо фурӯхта мешаванд. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ балонро пур карда, дар шароити хона, саёҳат, бӯстонсаро барои омода кардани ғизо корбаст кардан мумкин аст. Агар дар замони шӯравӣ аксар шаҳру ноҳияҳо ва шаҳракҳо бо системаи таъмини ҳамагонии газ таъмин буданд, имрӯз вазъият дигар шудааст. Аз сабаби фарсуда ва шикастани лӯлаҳои газ, кам будани истихроҷи газ дар худи Тоҷикистон, зиёд шудани аҳолӣ, ташкили деҳа ва микрорайонҳои нав аҳолӣ ба истифодаи балонҳои газ рӯ овардаанд. Гарчанде дар аксар хонаҳои бисёрқабата истифодаи плитаҳои барқӣ ба назар гирифта шудааст, балонҳои газ дастрастар мебошанд.
Оё мо истифодаи дурусти газро медонем?
Чаро беэҳтиётӣ бо газ боиси ҳодисаҳои нохуш мегардад? Ба амал омадани таркиши газ дар хонае, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ё аз бӯйи газ заҳролуд шудани одамон моро ба ташвиш меорад. Ҳалок шудани инсонҳо, маъюбӣ, захм бардоштани онҳо, сӯхтор натиҷаи нодуруст истифода бурдани газ мебошад.
Пеш аз ҳама, мо бояд дар бораи чӣ будани газ ва истифодаи он маълумоти амиқ дошта бошем. Қоидаҳои бехатарии истифодаи балони газро дар зер меорем ва онҳоро бояд риоя кард:
1. Балони газро аз ҳама гуна зарба ва бархӯрдан эҳтиёт кунед, зеро газ дар дохили балон зери фишори баланд қарор дорад.
2. Балонро дар наздикии манбаъҳои гармӣ нигоҳ надоред.
3. Баромадани газро аз балон ё рӯдаи (шланги) интиқолкунӣ санҷед.
4. Барои насби таҷҳизоти газӣ ба мутахассис муроҷиат кунед.
5. Ҳангоми харидорӣ кардани балони газ санҷидани сифат ва ба стандарт мувофиқ будани онро фаромӯш накунед.
6. Ҳангоми истифодаи газ сигор накашед, таҷҳизоти барқиро хомӯш кунед. Кӯшиш кунед, ки таҷҳизоти барқӣ-плита, радиатор, телевизор наздик набошанд.
7. Балони газ бояд аз плитаи газӣ дар масофаи 1,5 метр ҷойгир бошад.
8. Балонро дар ҷое гузоред, ки нури офтоб нарасад, зеро истифодаи он то +450 мумкин аст. Дар ҳавои гарм фишори дохили балон дучанд шуда, таркиш ба амал меояд.
9. Балони газро дар ҷойи шамолрав ва хушк гузоред.
10. Дар роҳрав, пешайвон, таҳхона ва болохона ҷой додани балони газ манъ аст.
11. Балони газро дар паҳлуи яхдон нагузоред.
12. Қисмҳои болоии балонро тоза нигоҳ доред, то ифлос шуда, роҳи баромади газро монеъ нашаванд.
13. Дар наздикии балони газ масолеҳи зуд оташгиранда-матоъ, коғаз, равған, чӯб, пластикаро нагузоред.
14. Баъд аз истифодаи газ санҷед, ки калид (вентил)-ро пурра тоб додаед.
15. Ҳангоми эҳсоси бӯйи газ дару тирезаро кушода, ҳавои хонаро тоза кунед.
16. Барои таъмири балони газ ҳатман ба усто, мутахассис муроҷиат намоед.
17. Истифодаи газро ба кӯдакон ва наврасон иҷозат надиҳед.
18. Дар болои газ зарфҳои пур аз об, шир ва хӯрокро гузошта, назорат кунед. Баъд аз ҷӯшидан моеъ метавонад болои газ рехта, онро хомӯш кунад ва боиси ҷамъшавиаш гардад.
19. Балони газро барои гарм кардани хона, хушконидани либос истифода накунед.
20. Ҳангоми пур кардани балони газ фосилаи заруриро риоя намоед.
Газ боигарии табиист, ки барои одамон қариб дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт фаровон истифода мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки истифодаи он боэҳтиёт будан ва масъулиятро талаб мекунад.
Аз рӯйи қонунгузории кишварҳои пешрафта барои истифодаи балонҳои газ дар хонаҳои бисёрқабата ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҳолатҳои фавқулодаи таркиш ва сӯхтор аз газро пешгирӣ кардан мумкин аст. Танҳо техникаи бехатарии истифодаи онро риоя бояд кард.
Дилором МАҲКАМОВА ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...