Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Ҳунар омӯз…». Дар Хатлон даври вилоятии озмун доир гардид


«Ҳунар омӯз…». Дар Хатлон даври вилоятии озмун доир гардид



Рӯзи 1 июн дар шаҳри Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор гардид. Дар озмун муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Фестивали мазкур барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд.

Озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия: кандакорӣ, чӯбтарошӣ сабадбофӣ; гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ; заргарӣ, мисгарӣ ва оҳангарӣ; ороиш аз санг; кулолгарӣ; читгарӣ, зардӯзӣ ва попурӣ; намадбофӣ ва қолинбофӣ доир гардид. Ба ғолибони даври вилоятии озмун диплому мукофотҳо супурда шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода