Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 458
Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ ва дигар масъулон чорабинии бошукӯҳ дар доираи «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» баргузор гардид. Нахуст, меҳмонон аз намоиши омоданамудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва кӯдакон дидан карда, ба маҳсули дастранҷ ва ҳунару маҳорати онҳо аҳсану офарин гуфтанд.
Сипас, дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба сухан баромада, табрикоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳозирин расонид. Гуфта шуд, ки барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Қайд гардид, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Имрӯзҳо дар дунё кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ, бемориҳои вазнин ва мушкилоти дигари маҳдуд шудани ҳуқуқу манфиатҳо зиндагӣ мекунанд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат, аз ибтидои давраи Истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, фоизи беши сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Ба муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кӯшониён ва Қубодиён аз номи раиси вилояти Хатлон туҳфаҳо расонида шуд, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ мусоидат мекунад.
Туҳфаҳои мазкур дар доираи “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027” тақдим карда шуданд.
С. АЗИЗЗОДА,
«ХАТЛО Н»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...