Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 541
Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Мактабҳои Тоҷикистон 2030» Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдуллозода, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои мамлакат, беҳтарин омӯзгорони навовари муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилоятҳои Хатлон ва Суғду Бадахшон ширкат варзиданд.
Иштирокдорон ва аъзои ҳакамон аз маҳсули дастранҷи иштирокчиёни озмуни лоиҳаи омӯзгорони навовар дидан намуданд. Лоиҳаи номбурда дар беш аз 100 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.
Ба озмуни мазкур танҳо 26 омӯзгори фаъолу навовар аз муассисаҳои таълимии фаъолтарин роҳ ёфта тавонистанд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили форуми мазкур ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи он, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор, инчунин дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомуддинзода афзуд, ки аз ҷониби вазорат баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани шароиту имконияти корӣ, сифати таҳсилот, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
«Ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои 2030» ба рушди касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони деҳот мусоидат менамояд, ки он низ аз ҷумлаи тадбирҳои вазорат дар ин самт мебошад», - афзуд номбурда.
Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар қисми ҷамъбастии Форуми ҷумҳуриявии "Омӯзгори навовар" баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдуллозода, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндагони шарикони рушд Кишвар Абдулалишоев ва дигар меҳмонон баромад карданд.
Нахуст муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдуллозода сухан карда, аз манфиати баргузории Форуми ҷумҳуриявӣ ва таъсири озмуни "Омӯзгори навовар", ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо шарикони рушд изҳори назар кард.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аз ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо шарикони рушд, дастгирию амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба рушди соҳаи маориф ва ба эҷодкорию навоварӣ ҷалб кардани омӯзгорон ёдовар шуд.
Инчунин, намояндагони шарикони рушд вобаста ба ҳамкориҳо ва амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф баромад карданд.
Дар қисмати дигар маросими қадрдонии ғолибони озмуни "Омӯзгори навовар" доир гардид. Ҷоизаи озмуни “Омӯзгори навовар” насиби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара Мамадиева Назокат гардид. Мавсуф лоиҳаи худро бо номи “Хазинаи табиат” пешкаш карда, миёни лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз гӯшаву канори кишвар беҳтарин дониста шуда, роҳхат барои иштирок дар озмуни сатҳи байналмилалиро дар давлати Португалия ба даст овард. Ба Назокат Маҳмадиева Ҷоиза, Диплом, туҳфа ва роҳхат супорида шуд. Акнун Маҳмадиева Назокат миёни дигар давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар форуми байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад кард.
А. СУҲРОБ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00