Аз ихтирооти як хонанда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 384
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани савияи донишу малаки насли наврас дар мамлакат озмуну олимпиадаҳо доир карда мешавад, ки ба ин васила шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба илмомӯзӣ бештар мегардад.
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар баробари дигар ҷавонону наврасони вилоят дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Абдулаҳад Рӯзиев аз зумраи наврасоне ба шумор меравад, ки бо ихтирооти хеш дар миёни омӯзгорон ва ҳамсабақонаш мақомихоса пайдо намудааст. Тав ре ки худи ӯ иброз дошт, имрӯз дар тамоми корхонаю муассисаҳои давлатӣ бо компютер кору фаъолият менамоянд. Абдулаҳад барои компютер шамолдиҳак ихтироъ намудааст, ки он барои беҳтар кор намудани компютер мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ӯ асбоб барои кордтезкунӣ ихтироъ намудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар муаассисаи таълимии №1 амалан коркард карда мешавад.
Абдулаҳад Рӯзиев дар озмуни ихтироъкорони наврас дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи намоён гардидааст.
А. Ҳоҷизода
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...