Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ғолиби олимпиадаи «Ворисони Пешво»


Ғолиби олимпиадаи «Ворисони Пешво»



Шарипов Ансорӣ 26-уми майи соли 2012 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти томактабиашро дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (солҳои 2017-2019) гирифтааст. Баъди хатми кӯдакистон соли 2019 тариқи озмун ба литсейи хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб дохил мешавад ва айни замон дар синфи 4-ум таҳсил намуда истодааст.

Шарипов Ансорӣ дар давоми таҳсилаш дар литсейи мазкур соҳиби якчанд Ифтихорнома ва Сипосномаву Дипломҳо гардидааст. Таҳсилаш аз ҳамаи фанҳо дар сатҳи аъло мебошад. Ӯ соли 2022 дар озмуни байналмилалии «Кенгуру» бо тариқи маҷозӣ аз фанни математика бо забони англисӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори Сертификати сатҳи байналмилалӣ гаштааст. Таваҷҷуҳаш ба илмҳои дақиқ зиёдтар мебошад.

Падараш Шарипов Анвар дотсенти кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва модараш Қурбонова Ибодат дар коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво” аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон соли 2022 ташкил карда шуд, ки дар он хонандагони синфҳои 3 ва 4–и муассисаҳои таълимӣ ширкат намуданд. Дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 630 нафар хонанда аз рӯйи 5 фанни таълимӣ ширкат карда, 60 нафар ғолиб дониста шуд. Шарипов Ансорӣ аз ҷумлаи гирандагони медали тилло аз фанни математика дар олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво” мебошад. Ин олимпиада бо мақсади омода намудани толибилмон ба иштирок дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон аст.

Ансорӣ дар робита ба олимпиадаи номбурда чунин изҳор намуд: “Ман ҳамчун иштирокчии фаъоли олимпиада аз фанни математика дар миёни синфҳои чорум сазовори ҷойи якум шуда, бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардидам, ки бароям ифтихори бузург мебошад. Барои иштирок дар ин олимпиада омодагии ҷиддӣ дида, дарси иловагӣ мехондам, китобҳои дарсии синфҳои ибтидоиро такрор ба такрор мутолиа намуда, амалан иҷро мекардам. Падарам барои ман дар муҳити хона китобхонаи анъанавӣ, китобхонаи электронӣ, мизу курсии таълимӣ, тахтаи дарсӣ, видеопроектор, компютеру принтер ва умуман шароит муҳайё намудааст, ки ин барои дар хона таёёр кардани вазифаҳои хонагӣ мусоидат менамояд”.

- Олимпиадаи мазкур, ки бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон ва Раёсати маорифи вилоят гузаронида шуд, як иқдоми нек буд. Олимпиада дар сатҳи баланду шаффоф гузаронида шуд ва аз ташаббускорони ин олимпиада миннатдор ҳастам, - афзуд Ансорӣ Шарипов. Мавсуф илова намуд, ки чун номи олимпиадаи наврасон “Ворисони Пешво” гузошта шудааст, итминон аст, ки иштирокчиёну ғолибони олимпиадаи мазкур ҳақиқатан ворисони Пешвои миллат хоҳанд буд. Дар оянда бо ис тифодаи донишу маҳораташон баҳри баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон миёни дигар давлатҳо саҳми худро мегузоранд. Ин олимпиадаро дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 – 2040» ташкил кардаанд ва боварӣ дорем, ки ҷиҳати бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи насли наврас ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд.

С. АЗИЗЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода