Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят бо Морабито Висент мулоқот анҷом дод


Раиси вилоят бо Морабито Висент мулоқот анҷом дод



Имрӯз, 23 майи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Морабито Висент ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ташрифи меҳмононро ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, гуфт, ки вохӯрии имрӯза ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва лоиҳаи кишоварзӣ ва заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистонии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ USAID такони тозае хоҳад бахшид.

Зимни мулоқот раиси вилоят зикр дошт, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздик 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуд. Ҳамчунин, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.

- Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид.


Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, ки дар Паёми навбатии худ зикр доштанд, имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои судмандро бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа ба роҳ мондааст.


Ҷаноби Моробито Висент аз истиқболи роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ва рушд бахшидани корҳои деҳқонӣ мебошад.


Лутфан, маълумот, аксу видео ва аудио дар бораи воқеаву ҳодисаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро тариқи WhatsApp,Telegram, imo, Viber бо рақамҳои (+992) 985-33-33-97 ба мо ирсол намоед! Мо ҳатман матлаби Шуморо дар рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр менамоем.

_________________________________________

Пас, моро дар шабакаҳои иҷтимоии пайгир бошед

YouTube, FacebookInstagramOKTelegram, www.khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода