ДАВЛАТАЛӢ САИД: "ДАР НАЗДИ ҲАМАИ МОДАРОНЕ, КИ ФАРЗАНДОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ КАРДААНД, САРИ ТАЪЗИМ ФУРУД МЕОРАМ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 616
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо беш аз 700 нафар намояндагони ҷавонони вилоят ҷараён дорад.
Раиси вилоят зимни ироаи сухани шодбошии худ қайд намуд, ки воқеан, ҷавонон қувваи бузург ва неруи пуриқтидори ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, муҳаррики асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”. Дар ҳақиқат, ҷавонони бонангу номуси вилояти Хатлон ба мактаби бузурги ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҷавонмардию созандагии Роҳбари давлат пайравӣ карда, дар ҳимояи марзу буми кишвар, арзишҳои миллию давлатдорӣ ва ободонии меҳан саҳми шоиста гузошта истодаанд.
Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаи ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳибихтисосу соҳибкасб гардидани онҳо ва мавқеи махсус пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ташаббусу иқдомҳои неку созандаи ҷавононро пайваста дастгирӣ менамояд.
- Дар замони бо суръати кайҳонӣ рушд намудани технологияи муосир ҷалби ҷавонон ба донишандӯзӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт аз ҷониби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон шароити муносиби таҳсилу кор фароҳам оварда мешавад, - идома дод Давлаталӣ Саид. - Зеро танҳо ҷавонони донишманд ва соҳибмаърифат метавонанд ҳадафмандона бори нанги ватандориро бар дӯш гирифта, бо дониши қавӣ ва илму фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ кишвари соҳибистиқлоламонро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Ба қавли раиси вилоят, маҳз ҷавонони фозилу хушахлоқ, дорои фарҳанги баланд ва ватандори асил ояндаи неки давлату миллати моро хоҳанд сохт ва чунин ҷавонон бо мавқеи устувори шаҳрвандиашон ба муқобили ҳама гуна таҳоҷуми иттилоотиву ғаразбори бадхоҳони миллат муқовимати қавӣ нишон медиҳанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҷавонони матиниродаи вилояти Хатлон дар сангарҳои вазнин барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани азиз ҷонфидоӣ карда, шарафу номуси халқу Ватанро ҳифз намуданд. Онҳо ному корномаи худро дар дафтари таърихи миллат ҷовидонӣ сабт сохтанд. Корнамоию қаҳрамонӣ ва ҷоннисорию худфидоии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад ва ватандӯстии онҳо ҳамчун мактаби амалии тарбияи насли наврасу ҷавон хизмат хоҳад кард.
- Ба падару модарони ин қаҳрамонони Ватан, ки ҳангоми ҳифзи марзу бум ва адои вазифаҳои хизматиашон далерию шуҷоатмандӣ нишон додаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам, - зикр намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Дар назди ҳамаи модароне, ки чунин фарзандони ватандору ҷонфидоро ба воя расонидаанд, сари таъзим фуруд меорам.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки матонату иродат ва садоқатмандии ин ҷавонон дар ҳифзи Ватан дар саросари вилоят ба ҳамаи насли наврас омӯзонида шавад, то ки онҳо тухми муҳаббат ба ватану дӯстдории ин хоки муқаддаси аждодиро дар қалбашон бикоранд.
Ин шабу рӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муташаккилона идома дорад. Боиси ифтихор аст, ки имсол шумораи ҷавонмардоне, ки довталабона ба Артиши миллӣ пайвастаанд, хеле зиёд аст ва ин аз ифтихороти баланди ватандӯстии онҳо, садоқат ба меҳан ва тарбияи шоистаи онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.
Қайд гардид, ки ба хотири тақвият бахшидани неруи зеҳнӣ, дарёфти падидаи нав, навоварону ихтироъкорон, санъаткорони ҷавон, эҳёи анъанаҳои китобдориву китобхонӣ, ривоҷи илм бо ташаббус ва сарпарастии Пешвои муаззами миллат дар кишвар чанд соли охир як силсила озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи довталабони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва “Тоҷикон” -оинаи таърихи миллат” беш аз 1 миллиону 434 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли гузашта ба қадри 806 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад.
- Ба тарбияи фарзанди шоиста ҳанӯз аз даврони тифлӣ бояд ҷиддан машғул шуд, зеро тавре мегӯянд, “ниҳоли каҷро рост кардан мумкин, вале каҷию хамии дарахти бузургро рост кардан душвор аст”, - қайд кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Агар мо аз хурдӣ дар замиру тинати фарзандон меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ, башардӯстӣ, эҳтироми калонсолон, муомилаи нек бо атрофиён, ҳурмати волидайну устодон ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсониро ҷой диҳем, дар ниҳоят як инсони комил, дорои ҳувият ва фарзона ба камол хоҳад расид. Дар акси ҳол, ҷомеа метавонад дучори буҳрони фарҳангиву маърифатӣ гардад, ки ислоҳи ин вазъ хеле мушкил хоҳад буд.
Ба таъкиди раиси вилоят, вазифаи қувваҳои солимфикри ҷамъият ва созмонҳои гуногуни ҷавонон аз он иборат аст, ки маҳз ба ҷавонони донишманд, равшанфикр, фидокор ва бонангу номус такя карда, гурӯҳҳои роҳгумзадаро бо усули “ҳамсол ба ҳамсол” ба роҳи дуруст андохта, онҳоро ба анҷом додани корҳои созандагиву ободонӣ, инсондӯстиву ватанпарварӣ ва ҳаёти осоиштаи мулкӣ ҳидоят намоянд.
- Шумо, ҷавонони саодатёри Ватан, ки неруи бовариноки Давлату Ҳукумат ва ояндасозони ин Ватани биҳиштосо мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир бо идеяҳои навоварона ва иқдомҳои наҷибу созандаи худ Тоҷикистони азизамонро ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардонед ва сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед, - афзуд раиси вилоят. - Мутмаинам, ки ҷавонони сарбаланди Хатлонзамин ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ дар пайравӣ ва бо пуштибонӣ аз сиёсати Пешвои миллат ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.
Пас аз сухани табрикии раиси вилоят Давлаталӣ Саид маросими қадрдонии ҷавонон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи пурмуҳтавои фарҳанг идомабахши ҳамоиши идона буд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00